gazprom august 2025
Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 7 иншоот ба истифода дода мешавад
112

Ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саъдӣ Шерозии ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 мавриди истифода қарор мегирад.

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Оимноз Бойқозиева иброз намуд, ки «солҳои пеш ба мушкилии нарасидани ҷойи нишаст ва синфхонаҳо гирифтор будем. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳа бинои иловагии муассисаи таълимиро иборат аз 8 синфхона бо ҷойгиршавии 200 хонанда дар як баст бунёд намудем. Дар ин бино кабинетҳои фаннӣ низ ҷойгир карда шудаанд. Бинои иловагӣ бо мизу курсиҳои нав ва дигар таҷҳизоту аёният муҷаҳҳаз гардонида шудааст».

Тибқи иттилои мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода, бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон 7 иншоот - се бинои истиқоматии баландошёна бо 274 хонаи истиқоматӣ, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Ғарчашмаи ҷамоати деҳоти Даҳана бо 7 синфхонаи иловагӣ ва дар ҷамоати деҳоти Обшорону ҷамоати шаҳраки Ёвон мағозаҳои замонавию марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ёвон бунёду навсозии 561 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 502 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД