Ба зиёда аз 40 хонаводаи гурезаҳои афғон, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд...
Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, махсусан маъюбон, ятимон, одамони бе касу кӯй ва ғарибону гурезагон қарзи инсонии ҳар як фард мебошад. Ҷамъияти “Салиби сурх” ва “Ҳилоли аҳмар” дар ин самт корҳои шоёнеро ба анҷом мерасонад.
Дар остонаи соли нави мелодӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Ҳилоли аҳмар”-и Тоҷикистон ба беш аз 40 хонаводаи гурезаҳои афғон, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд, кӯмаки молӣ расонида шуд. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 39 оилаи гурезаҳои афғон ва дар шаҳри Панҷакент 3 хонавода аз ин кӯмакҳо баҳравар гаштанд.
Ба ҳар як оилаи гурезаи афғон дар ҳаҷми 1190 сомонӣ кӯмак расонида шуда, маблағи умумии кӯмаки расонидашуда ба гурезагон 49 ҳазору 980 сомониро ташкил дод. Дар инбора Sugdnews хабар додааст.
Тавре ки Рустамбек Аҳмадзода, намояндаи Ҷамъияти “Ҳилоли аҳмар”- дар вилояти Суғд гуфтааст, ҳадаф аз расонидани кӯмаки молӣ дастгирии оилаҳои камбизоат ва беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон мебошад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан низ 43 оилаи гурезаҳои афғон аз чунин кӯмакҳо баҳравар гашта, ба онҳо бар замми кӯмакпулӣ ҳамчунин маводи ғизоӣ дода шуда буд.