arzon replenishment
Ба духтарони бешуғл ҳунар меомӯзанд
283

Дар минтақаи Кӯлоб барои занону духтарони хонашин касби дузандагӣ меомӯзанд.

Дар Литсейи касбӣ- техникии саноати кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб машғулияти семоҳа ва дусола ташкил гардид, ки дар он беш аз 20 нафар занону духтарон ба чакандўзӣ, қўроқдузӣ, навъи попурӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ ҷалб гардидаанд. Занон ва духтарони деҳот баъди аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ соҳиби дипломҳои тахассусӣ гардида, ба шуғл фаро гирифта мешаванд.

Дар литсей 200 нафар касбомўз аз рўи 6 ихтисос ба омўзиш фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 85 нафари онҳо соҳиби дипломи тахассусӣ гардидаанд. Литсейи мазкур бо 6 мошинаи дарздузӣ таъмин буда, дар он усто ва мутахассасисони ботаҷриба ба шогирдон ҳунар меомӯзанд.

Бозоргул Мирзоева, омӯзгори ин таълимгоҳ, гуфт, дар ҳоли ҳозир аксари занону духтарони хонашин ба соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ҷалб гардида, соҳиби касбу кори гуногун мешаванд. “Дар Литсейи мо низ тасмим гирифтаанд, ки занону духтарони бешуғли деҳотро ба касби дўзандагӣ ҷалб намуда, соҳиби дипломҳои тахассусӣ намоянд. Айни ҳол, шароити касбомӯзон дар Литсей хуб ба роҳ монда шуда, бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин мебошанд».

Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити омўзиш барои касомўзон 6 синфхонаи иловагӣ, ошхонаи замонавӣ сохта шуда, корҳои дигари навсозӣ дар Литсей идома доранд.

Роҳбарияти Литсейи касбӣ -техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб мақсад дорад, ки дар оянда низ шумораи касбомўзонро зиёд намуда, хатмкунандагони муассисаҳои тахсилоти умумӣ ва сокинони деҳотро ба он бештар ҷалб намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД