Рӯҳафтодагию беморӣ
Ман худам мошин мерондам ва бароям ба деҳа рафтан ҳеҷ мушкилие надошт. Ба кампири модарам занг задаму ӯ гуфт, ки Салима аз шавҳараш ҷудо шуда, бемор аст. Аз Душанбе то ноҳияи мо чор соат роҳ аст. Соат шаши бегоҳ бошад ҳам, ба шавҳарам занг зада гуфтам, ки ба деҳа меравам. Рӯзи ҷумъа буду ду рӯзи истироҳат дар пеш, аз ин рӯ, фарзандонамро гирифта, аз супермаркети наздикии хона харид кардаму рӯ сӯйи деҳа пеш гирифтам. Аввал ба хонаи модарам рафтам, бо онҳо вохӯрии кӯтоҳе карда, кӯдаконро он ҷо гузоштаму ба хонаи Салимаино гузаштам. Холаи Идимоҳ, ки пир шуда буд, сумкаи савғотиҳои маро аз дастам гирифта, аз ду бари рӯям бӯсиду бо овози ларзон гуфт:
- Хоҳарат рӯйи ҳеҷ касро дидан намехоҳад...
Ба хонаи хоби Салима даромадам. Ӯ рӯ сӯйи девор мехобид, овози маро шунида, хесту дастонашро ба гарданам ҳалқа карда, пичиррос зад:
- Бадбахт шудам Ноз, ман бе Асад мемирам, ба Худо мемирам...
Он шаб то субҳ ману Салима суҳбат кардем ва қарор шуд, ки ман ӯро бо худ мебарам. Ҳама аз ин кори ман ризо буданд, каме дар ҳавлии ту гардад, шаҳри калон, банди дилаш кушода мешавад, гуфт модарам.
Рӯзи якшанбе пас аз нисфирӯзӣ мо ба роҳ баромадем…
Салима омаду…
Бо омадани Салима зиндагии мо рангу бӯйи тоза гирифт, реҷаи зиндагиямон низ дигар гашт. Аввалҳо ман субҳи барвақт кӯдаконро ба мактаб мебурдаму пас аз дарс рафта меовардам, то омадани онҳо кору бори ҳавлии калонро мекардам, хӯроки нисфирӯзӣ мепухтам. Шавҳарам як одат дошт, ки хӯроки нисфирӯзиро ҳатман дар хона мехӯрд ва ман мисли ошпазҳо рӯйхати якҳафтаинаи хӯрокпазиро омода месохтам. Субҳ чӣ пазаму нисфирӯзию бегоҳ чӣ? Ростӣ, дастам намерасид, боз меҳмонони зиёд низ доштем…
Салима омаду корро аз тоза кардани хонаҳо оғоз намуд. Ӯ дигар он Салимаи бемори ду рӯз пеш дидаам набуд. Ман барои тоза кардани хонаи дуошёнаамон, ки аз дувоздаҳ дар хона иборат буд, ҳамеша фирмаи поккориро даъват мекардам. Салима дар ду рӯз ҳама кори хонаҳоро ба анҷом расонида, ҳамроҳи бачаҳо ба тозаву кабудизоркунии боғчаи наздиҳавлигиямон оғоз кард. Бачаҳои ман, ки дар умрашон белро дар даст намегирифтанду ҳатто онро аз каланд фарқ намекарданд, ҳамроҳи холаҷонашон ҳай меҳнат мекарданд…
Акнун ман вақт ёфта, нафаси осуда мекашидам. Шавҳарам Салимаро мисли хоҳараш ҳурмат мекард, Салима низ ба ӯ ака гӯён муроҷиат мекард. Салима мехост ба деҳа баргардад, аммо ман ӯро рафтан намондам. Инак, як сол мешавад Салима бо ман зиндагӣ мекунад, аз байни шиносҳо хостгорон низ баромад, аммо шавҳар кардан намехоҳад. Баъзан рози дил мегӯему Салима бо шӯхӣ мегӯяд, ки акнун ман сарбории ту, аз ман халосӣ надорӣ! Ман ӯро тасалло медиҳам, ки ҳеҷ гап не, ҳоло ту ҳам шавҳар карда хушбахт мешавӣ, агар нахоҳӣ, ҳар ду кампирак шуда, як ҷо зиндагӣ мекунем…
Бадгумонии пайвандон
Ҳоло ки Салима ба як увзи хонадони мо табдил ёфтаву фарзандонам бе ӯ рӯзашонро тасаввур карда наметавонанд, пайвандони мо пӯстинашонро чаппа пӯшида, аз ман талаб доранд, ки ё ягон касро ёфта дугонаамро ба шавҳар диҳам ё ӯро ба деҳа фиристам. Ҳатто модари меҳрубону накӯкорам мегӯяд, ки ба ҳар ҳол эҳтиёт кун. Янгаҳояму апаҳоям бошанд, рӯйирост мегӯянд, ки ҳоло дугонаат шавҳаратро кашида мегираду баъд пушаймон мешавӣ. Хушдоманам баъзан хона омада, якчанд рӯз меҳмон мешаваду ба кору бори Салима зеҳн монда, дар танҳоӣ мегӯяд:
- Нозанин, Салима зани ботақво метобад, лекин ман бовар надорам. Ба ҳар ҳол вай рашк мекунад, ки ту хушбахтиву вай не...
Хулоса, ҳама муқобили ману дугонаам ҳастанд. Ман аз кӯдакӣ бо Салима бузург шудаам ва медонам, ки ӯ дили софу бекина дорад. Ману фарзандону шавҳарамро чун азизони худаш дӯст медорад, боварӣ дорам, ки агар ман бимирам ҳам, ӯ ба шавҳари ман зан намешавад, аммо инро ба кӣ мегӯӣ?!
Мақсади навиштани ин қиссаро алаккай пай бурдед, хонандагони азиз. Ман мехоҳам шумо ба ман маслиҳат диҳед, чӣ бояд кард? Охир, Салима дигар барои ман лахти ҷигар аст, на дугона, барои шавҳарам низ мисли хоҳар аст. Ӯ баробари ман дар тарбияи фарзандонам заҳмат мекашад, шавҳарам ҳам номашро намегирад, хоҳарҷонаш мегӯяд. Наход ман ба вай бовар накунам? Наход дар дунё боварӣ ба одамияти инсонҳо намонад бошад? Илтимос, андешаҳои хешро дар ин мавзуъ ба ман нависед…
НОЗАНИН
Таснифи Рухсора САИД