Ман Ганҷина, донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ҳастам. Худро таъриф карданӣ нестам, вале аз рӯзе мактабро хатм намудам, хостгорон дари хонаамонро охурча кардаанд.
Дар ҳусну ҷамол ягон камбудӣ надорам гӯям ҳам, хато намекунам. Агар қисме аз хостгорон шефтаи ҳусну ҷамолам шуда бошанд, аксариятро пулу моли падарам ба даргоҳи мо меорад. Чанд моҳ қабл яке аз хешу ақрабои модарам, ки хеле сарватманд будааст, бо дастурхонҳои пуру туҳфаҳои гаронбаҳо ба хостгорӣ омада, модари маро мафтун кард.
Модарам розигии маро напурсида, хостгоронро дилпур карда, гусел намудааст. Дар шабу рӯзе, ки барои тӯй омодагӣ медидем, як хеши дурамон ба мо хабар овард, ки домодшаванда як бор зан гирифта, ҷудо шудааст, бар замми ин, ҷавони ҷӯрабозу арақхӯр ва бангӣ аст. Аз ин хабар хеле ғамгин шудам, вале модарам аз раъйи худ гаштанӣ нест. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Д.Б.