Arzon march 2024
Ба Баҳром бовар кардаму ...
1781

Салом ба кулли хонандагон ва аҳли эҷоди сомонаи "Оила". Ман, як модари танҳо, бо умеди беҳтар шудани зиндагиам ба доми Баҳром ном шахси маккору фиребгар афтида, ба гирдоби қарз гирифтор гаштам. Мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ба дигарон дарси ибрат шаваду ба чунин одамони фиребгари худобехабар бовар накунанд.

Ҳамааш аз он сар шуд, ки рӯзе дар инстаграм видео тамошо карда истода, тасодуфан чашмам ба саҳифаи Баҳром ном шахсе афтида монд. Вақте ки ба саҳифааш ворид шудам, навиштаи “подробнее” баромад ва ман онро зер карда, ба телеграм даромадаму ба ӯ салом навиштам.

Дар ҷавоб салом навишта, гапҳои бисёр нағз гуфт. Азбаски Баҳром бештар дар бораи дини мубини ислом, фармудаҳои Худованд ва некию накӯкорӣ гап мезад, мани сода ба ҳарфҳояш бовар карда, дарди диламро ба ӯ кушодам.

Навишт, ки "Чӣ мушкиле дошта бошед, бигӯед, ман онро ҳал мекунам". Ман дар ҷавоби ин гапаш навиштам, ки бо ду фарзанд дар дари хонаи тағо зиндагӣ карда истодаам ва солҳост, ки азоби бехонагӣ мекашам, бар замми ин, боз қарздорам.

Баҳром навишт, ки 1000 сомонӣ фиристед, ман онро дар муддати кӯтоҳ 7000 - 8000 ҳазор карда, ба шумо мефиристам. Гуфтам, ки ман ин қадар маблағ надорам, вале Баҳроми маккор мисли мор маро афсун карда, ваъда дод, ки агар аз 400 сомонӣ бештар пул ёфта, равон кунам, аз барои Худо ӯ ба ман кӯмак расонида, он маблағро чанд баробар зиёдтар карда мефиристад.

Хулласи калом, мани зудбовар ба ваъдаҳои хомаш бовар кардам ва аз як хешамон 400 сомонӣ қарз гирифта, ба Баҳром равон кардам, то каме ҳам бошад, мушкиламон осон шавад.

Пас аз 6-7 соат Баҳром навишт, ки “Ман бо 400 суми фиристодаатон 15000 сомонӣ кор кардам, вале барои гирифтани ин маблағ шумо бояд зудтар фоизашро партоед”.

Пурсидам, ки фоизаш чӣ қадар аст. Гуфт, ки 2000 сомонӣ мешавад, зудтар аз ягон кас қарз гирифта, равон кунед, дар байни 10 дақиқа маблағи калон ба кортатон мегузарад. Ҳайрон мондам, ки чӣ кор кунам.

Як рӯз пас Баҳром боз навишт, ки зудтар 2000 сомонӣ равон кунед. Натарсед, ягон ҷойи фиребгарӣ надорад, ҳамин ки шумо фоизашро фиристодед, дарҳол пули калон ба кортатон мегузарад. Мани содадил боз бовараш кардам ва тифли навзоди 40-рӯзаамро дар бағал гирифта, ба ҷустуҷӯйи 2000 сомонӣ баромадам.

Ҳамин тавр, рӯзи дароз дар ба дар пул кофта, ниҳоят аз як хешамон дурӯза ин маблағро қарз гирифтам ва ба Баҳром фиристодам.

Баҳром “пас аз як соат пул ба кортатон мегузарад” гуфта, телефонро хомӯш кард, вале рӯз бегоҳ шуду аз пул ҳанӯз дарак набуд. Ба ҷону ҳолаш намонда, дам ба дам менавиштам, ки чаро маблағ ба кори ман то ҳол нагузаштааст.

Ниҳоят, ба навиштаҳоям ҷавоб гардонда, пурсид, ки аниқ маблағ нагузаштааст? Гуфтам, ки не, аз пул то ҳол хабаре нест. “Ҳозир мебинам” гӯён, Баҳром ваъда дод, ки ин масъаларо фавран ҳал мекунад ва баъди чанд дақиқаи дигар навишт, ки маблағе, ки бояд ба корти ман гузарад, ниҳоят калон будааст, барои ҳамин боз 1500 сомонии дигар фиристоданаам лозим. Ман ба ғазаб омада гуфтам, ки шумо маро мазоқ карда истодаед? Пуламро зудтар гузаронед, в-агарна хабари мардумфиребиатонро дар ҳама ҷо паҳн карда, шармандаатон мекунам.

Баҳроми маккори худонотарс “шумо зудтар 1500 сомонӣ равон кунед, ки фоизашро супорем, ҳатман ба кортатон пули калон мегузарад” гуфта, телефонашро хомӯш кард ва бо ҳамин дигар ба зангҳо ва навиштаҳои ман ҷавоб надод.

Муҳаббат Шарипова

Аз идора: Акс, сурати шиносномаи Баҳром ва чекҳои маблағи ба ӯ гузаронидаи муаллиф дар идораи сомона аст. Дар ҳоли таваҷҷуҳи мақомот онҳоро ба ихтиёри тафтишот месупорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сашка аз Маяковский 2023-10-12, 16:25
Хозир хам дер нашудаст ба макомот мурочиат кун
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сашка аз Маяковский 2023-10-12, 16:25
Хозир хам дер нашудаст ба макомот мурочиат кун
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД