35 years of independency
Ба Бахтиёр Раҳимов пас аз маргаш унвон доданд
33

Ба Бахтиёр Раҳимов пас

аз маргаш унвон доданд

Ба ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов пас аз маргаш унвони фахрии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон дода шудааст. Дар ин бора дӯсти наздики марҳум, ҳаҷвнигори маъруф Ташриф Халилов дар шабакаи "Инстаграм" хабар дода, гуфтааст, ки унвон дар рӯзи зодрӯзи Бахтиёр Раҳимов ба ӯ тақдим шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Бахтиёр Раҳимов асосгузор ва раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии "Ғарибшо-Компания“ буда, қариб 30 сол барои рушди ҳаҷви тоҷик хизматҳои шоиста намуд. Ин ҳунарманди хушзавқ бо ҳаҷвҳои намакинаш камбудиҳо ва мушкилоти гуногуни ҳаёти ҷомеъаро дар саҳна намоиш медод.

Агар умр вафо мекард, имсол Бахтиёр Раҳимов 57 сола мешуд, вале ин ҳаҷвнигори машҳур рӯзи 30-юми июн ба таври ногаҳонӣ бар асари якбора паст шудани фишори хунаш дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз олам даргузашта, 1-уми июл дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД