Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо шарикони рушд, ба монанди Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар ҶТ ба сокинони аз сел осебдида кумак расонидаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, аз ҷумла ба 206 хонавода дар ноҳияи Фархор ва 19 оила дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон маҳсулоти хӯрокворӣ, ба ҳар оила 50-килоӣ орд, 2 литр равғани растанӣ ва 5 кило нахӯд расонида шудааст.
- Ин кумакҳо дар шоҳидии Комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ва кормандони масъули КҲФ ба ниёзмандон тақсим карда шуд,- меафзояд манбаъ.