Arzon march 2024
Ба ҳамсоядухтар ошиқ шудам, вале...
06.03.2022
Оила
4376

Ман аз шаҳри бостонии Панҷакент ҳастам. Аз рӯзе, ки худро мешиносам,ошиқи як соҳибҷамол гардидаам. Ошиқи чашму абрӯвони зебову дилрабое ҳастам, ки бовар дорам ҳар бинандаро мафтун месозанд.Азбаски дӯстдоштаам дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад, ҳар гоҳ, ки ӯро бубинам, шӯълаи ишқаш дар дилам сахттар аланга мезанад. Фариштаи орзуҳоям зуд-зуд ба хонаи мо омада меравад, вале ман ҳеҷ ба ӯ дарди диламро гуфта наметавонам. Тасаввур кунед, қариб ҳар рӯз ба чашмонаш менигарам, вале гуфта наметавонам, ки туро дӯст медорам. Барои чунин беҷуръатӣ баъзан аз худам нафратам меояд, вале коре карда наметавонам. Баъди андешарониҳои зиёд ба хулосае омадам, ки аз хонандагони ҳафтаномаи “Оила” маслиҳат мепурсам. Шояд ҳафтанома сабаб мешаваду дӯстдоштаамсӯзиши қалби маро эҳсос мекунад, зеро ҳама дард даво дорад, ба ҷуз дарди ишқ. Хонандагони азиз! Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ гуна ишқамро ба дӯстдоштаам расонам?
Рӯзибой

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД