Марҳабо Узоқова, зодаи шаҳри Исфара буда, 24 сол дорад.
Ӯ соли равон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кард ва дар яке аз муассисаҳои таълимии пойтахт фаъолият мекард.
Яке аз аъзои хонаводааш ба сомонаи "Oila" гуфт, ӯ барои ба Амрико рафтан виза гирифтан мехост, аммо ба Амрико рафт ё не аниқ нест.
Тибқи иттилои ниҳоӣ, Марҳабо бори охир дар шаҳри Москва, дар фурудгоҳи Внуково фуруд омадааст ва баъди он ғайб задааст.
Аз ҳамаи он нафароне, ки Марҳаборо дидаанд ва ё дар борааш маълумот доранд, ба рақами зер дар тамос шаванд: +992918329978 (модараш)