new banner new years
Ҳазору як фоида ва зарари себ
25.09.2024
Оила
896

Ҳазору як фоида ва зарари себ

Себ меваи хушхӯр ва аз оҳан бой буда, ҳамарӯза истеъмоли он барои одамони хунашон кам тавсия дода мешавад. Гемоглобинро дар организми инсон баланд мекунад. Дар таркибаш витаминҳои фоиданок дошта, дилро тақвият мебахшад. Барои нафарони мубталои фишори хун беҳтарин даво аст. Аз ҷисм намаку моддаҳои нодаркорро бароварда, барои паст кардани фишори хун тавсия дода мешавад. Беморони фишори хунашон баланд бояд ҳар субҳ 1 дона себи сабзи “антоновка” бо каме нон (хлеб)-и сиёҳ истеъмол кунанд ё як соат қабл аз хӯрок ним стакон шарбати себи сабз истеьмол намоянд. Ҳангоми заҳролудшавӣ (отравления) истеъмоли себ муфид аст. Дар таркиби себ сорбенти табиӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, заҳрҳоро аз бадан хуб тоза мекунад. Ин мева кори узви ҳозимаро беҳтар мекунад, зеро дар таркибаш ҷавҳарҳои зарурии органикӣ дорад. Ба шарофати ин ҷавҳарҳо себ истеҳсоли сафро ва кори меъдаро танзим мекунад. Хӯрдани як дона себ 20 дақиқа пеш аз хӯрок иштиҳои хубро кафолат медиҳад. Себ барои вазни зиёдатиро кам кардан фоида дорад. Ҳангоми парҳез хӯрдани себ бо кефир фоиданок аст. Заҳру таҳшинро аз бадан хориҷ мекунад.

Мутаассифона, себ барои ҳама фоиданок нест. Хӯрдани он дар шакли хом барои одамони гирифтори бемории захми меъда, хусусан захми рӯдаи дувоздаҳангушта номатлуб аст, зеро ҷавҳари дар меваҳо мавҷудбуда луобпардаи меъдаи беморро дардманд мекунад. Беморони гирифтори диабети қанд набояд аз 2 дона себ зиёд истеъмол намоянд. Ҳамон ҳам фақат себи сабз бошад. Тавре собит гардидааст, себи сабз дорои ҷавҳари аскорбин, витамини C буда, дар муқоиса бо себи зард ва сурх фоидааш зиёдтар мебошад. Барои пешгирии атеросклероз тавсия дода мешавад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД