goodwell
Қазоқистон ба Тоҷикистон 20 ҳазор тонна бензин мефиристад: оё нархи сӯзишворӣ паст мешавад чӣ мешавад?
66

Қазоқистон ба Тоҷикистон 20 ҳазор тонна бензин мефиристад:
оё нархи сӯзишворӣ паст мешавад чӣ мешавад?
Қазоқистон ният дорад моҳи ноябр ба Тоҷикистон 20 ҳазор тонна бензини навъи АИ-92 содир намояд. Ин хабар дар ҳолест, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафта, хароҷоти ронандагонро зиёд кардааст.

Дар ин бора нашрияи Inbusiness.kz рӯзи 10-уми ноябр аз қавли вазири энергетикаи Қазоқистон, Ерлан Аккенежов хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи интиқоли сӯзишворӣ зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Вазир гуфтааст, ки барои моҳи ноябр имкони содироти 20 ҳазор тонна бензини навъи АИ-92 пешбинӣ шудааст. Аммо барои оғози интиқол ширкатҳои тиҷоратии ду кишвар бояд масири ҳамлу нақл ва нархи фурӯшро мувофиқа кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон манъи содироти сӯзишворӣ, дизел ва бархе маҳсулоти дигари нафтиро барои шаш моҳи дигар - то моҳи майи соли 2027 тамдид кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки интиқоли ин миқдор бензин ба Тоҷикистон бо кадом нарх анҷом меёбад ва оё он метавонад ба пастшавии нархи бензин дар бозори дохилӣ таъсир расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД