formula
Қазоқистон 5 000 тона орд кӯмак кард. Нархаш чанд мешуда бошад?
1576

13 майи соли 2020 Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев дар маросими расмии супоридани кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон иштирок намуд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 5000 (панҷ ҳазор) тонна орд оварда шуд.

Сертификати бори мазкурро Сафири Қазоқистон ба муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорид.

Дар суханронии худ Сафири Қазоқистон Аскар Тажибаев қайд кард, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 38 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Дар навбати худ Соҳибҷон Зиёдуллоев изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистонро баланд арзёбӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД