Commerc banl
Аъзои як оила маблағи барои ҳаҷ пасандозкардаашонро ба ободии диёр мебахшанд
81

Дар шаҳри Истаравшан хонаводаи Муъминовҳо бо иқдоми шоиставу ватандӯстона намунаи ибрат гардиданд. Аъзои ин оила, ки холаи Нарзибонуро бо меҳру эҳтиром «Маликаи хонавода» меноманд, маблағи барои сафари Ҳаҷ пасандозкардаи худро барои ободии диёри худ бахшиданд.

Ин маблағ аз ҳисоби фарзандони дар Федератсияи Россия қарордоштаи хонавода - Ҷӯрабеку Дилмурод, Шомуроду Исфандиёр, Амирбеку Ёрибек, Мухторбеку Идибек - ҷамъоварӣ гардида, 1 миллион рубли русӣ, баробар ба 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Фарзандон ният доштанд, ки ҳамроҳи модар ва аҳли хонавода ба таври оилавӣ ба Ҳаҷ раванд. Аммо бо пешниҳоду насиҳати модар - бибии хонавода Нарзибону тасмим гирифта шуд, ки ин маблағ ба корҳои ободонӣ равона карда шавад. Модар чунин меҳисобад, ки ободии диёр амали савобу садақаи ҷория буда, ибодати бузург мебошад.

Ҳамдеҳагон ният доранд маблағи мазкурро барои идомаи сохтмони бинои нотамоми маркази деҳа ва инчунин дигар корҳои созандагиву ободонӣ масраф намоянд.

Ба гуфтаи наздикон, ин қарор пас аз машварати якдилонаи тамоми аъзои оила гирифта шуд. Онҳо бар он ақидаанд, ки саҳмгузорӣ дар рушди маҳал, дастгирии мардум ва ободонии муҳити зист низ амали хайр ва дорои савоби бузург мебошад.

Бибии хонавода Нарзибону зимни суҳбат чунин иброз дошт: «Фарзандонам ният доштанд, ки ҳамаамон якҷо ба ҳаҷ равем. Ман ба онҳо гуфтам, ки обод кардани диёр, кумак ба мардум ва саҳм гузоштан дар рушди Ватан низ ибодат аст. Агар ҳар яки мо як кори нек анҷом диҳем, ҷомеаи мо боз ҳам пешрафтаву зебо мегардад».

Ин амали нек намунаи олии муҳаббат ба Ватан буда, метавонад барои дигарон намунаи ибрат гардад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД