Холиса Расулова сокини кӯчаи Саҳбо 576\1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буда, бо шавҳари бемор ва 3 фарзанди хурдсолаш ҳаёти талху сангинеро ба сар мебарад.
Аз рӯйи гуфти худаш, ҳанӯз дар батни модар 7-моҳа будааст, ки падараш аз олам мегузарад. Модараш баъди ба дунё овардани Холиса ба марди солхӯрдае ба шавҳар баромада, парастории навзод бар дӯши зани тағояш меафтад. Дертар ин тифлаки ятимро пиразани бефарзанде ба фарзадӣ қабул карда, ба воя мерасонад.
Холиса мегӯяд, фарзанди ин оила набуданашро намедонист ва ҳамеша дар ҳайрат буд, ки чаро волидони ҳамаи дугонаҳояш ҷавону падару модари вай пиру солхӯрдаанд, вале ҳарчанд кунҷковӣ мекард, касе ҳақиқати ҳолро ба ӯ намегуфт. Танҳо дар дами маргаш пиразане, ки Холисаро ба воя расонидааст, иқрор мешавад, ки дар асл модари ӯ каси дигар аст.
Холиса дар хонаи вайроне, ки аз модархондаш ба ӯ мерос мондааст, зиндагӣ мекунад, вале пас аз марги пиразан хешу табори кампир бо 3 фарзанди хурдсолаш ӯро аз дар берун кардан мехоҳанд.
Холиса мегӯяд, ки шавҳар ва духтараш беморанд ва бо сабаби бесаводӣ ҳаёти талхе ба сар мебаранд. Ин зани аламзада дар шароити хеле мушкил зиндагӣ мекунад ва намедонад бо 3 тифли хурдсол ва шавҳари маризаш дар ин фасли сард ба куҷо равад.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Холиса Расулова кумак расонанд, метавонанд хайрияи худро ба корти Душанбе-сити бо рақами 9762 0001 5125 9867 гузаронанд. Корт бо рақами телефони 93-814-49-94 пайваст мебошад.