Азоби бехонагию дарбадарӣ ва сарнавишти талхи Саида
23.01.2026
Oila.tj
73
Азоби бехонагию дарбадарӣ ва сарнавишти талхи Саида

Ин зани тоҷикро ҳаёти талху сангинаш ба идораи сомонаи Oila.tj овардааст. Исмаш Саида буда, 12 сол боз азоби бехонагию дарбадарӣ мекашад. Айни замон вай бо 5 фарзанди хурдсолаш дар як ноҳияи дурдасти кӯҳистон, дар хонае, ки на об дорад, на ҳаммому ҳоҷатхона ва на ягон шароити зист, иҷора мешинад.

Ба қавли худи Саида, манзилаш пур аз калламушу калтакалос буда, аз сабаби дар шароити ғайрисанитарӣ зистан дар бадани кӯдаконаш яраву захмҳои зиёде пайдо шудаанд, вале барои табобат карданашон имконияти молиявӣ надорад.

Хушдоманаш ба онҳо як пора замин дода бошад ҳам, танҳо 2 метр девор бардошта, аз сабаби камбизоатию бепулӣ натавонистаанд ҳатто боми хонаашонро пӯшонанд.

Сарнавишти талхи Саидаро аз забони худаш манзури шумо гардонида, умед мебандем, ки шахсони хайрхоҳ дар ин фасли сард ба Саида ва кӯдаконаш дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Шахсоне, ки ба ин оилаи ниёзманд кумак расониданиянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии Душанбе-Сити бо рақами 9762 0001 9739 3886 гузаронанд, ки бо телефони 918-55-20-60 пайванд мебошад, ё ба рақамҳои 00-55-08-487 занг зада, бо худи Саида ҳамсуҳбат шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД