Қиссаи зиндагии ҷавонзане, ки ризқашро аз муҳоҷират пайдо мекунад
Баъд аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи рӯзонаи яке аз факултаҳои ДМТ супоридам. Аз он ки холҳоям нарасид маро ба гурӯҳи шартномавӣ гузарониданд.
Ҳанӯз курси якумро хатм накарда, волидонам тасмим гирифтанд, ки маро хонадор кунанд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Маро бо писари як ҷураи падарам хонадор карданд. Баъди туй фаҳмидам, ки уро мачбур ба ман хонадор кардаанд ва баъди 3 моҳ аз ҳамдигар ҷудо шудему ба хонаи волидонам баргаштам.
Дар соли дуюми таҳсилам шароити иқтисодиамон мушкил шудан гирифт ва натавонистам, пули шартномаро пардохт кунам. Тасмим гирифтам, ки ба шуъбаи ғоибона гузараму ҷои кор пайдо карда, пули таҳсиламро супорам.
Бо тавсияи чанд дугонаҳоям ба Русия барои кор рафтам. Қонунҳои будубошро аз рӯи тавсияи ҳамсафаронам иҷро кардаму тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро расман ба қайд гирифтам. Аммо аз таҷрибаи будубош маълум шуд, ки на дар ҳама ҳолат милисаҳои рус ҳуҷҷатҳоро нигоҳ мекунанд. Онҳо кушиш мекунанд, ки ҳар муҳоҷиреро ки барои тафтиши ҳуҷҷат боз медорнд, то шуъбаи милитсия бурда пули муфт ба даст оранд.
Таҳқиру дашном ба дилам задаст, лек...
Баъди тахт кардани ҳуҷҷатҳо дар як мағоза ҳамчун корманди оддӣ кор кардам. Агар чӣ маошам ночиз буд, вале тоқат мекардам. Дар давоми шаш моҳе, ки дар мағоза кор кардам, чӣ қадар таҳқирро аз тарафи мардуми рус, ба хусус пиразанҳояш шунидам. Мегуфтанд, ки шумо чида хамаатон ба кишвари мо меоед, бесавод ҳастед, ҳамаро ифлос мекунед, хулоса таҳқиру паст мезаданд. Ҳар вақте чунин фишшор мешуд, мехостам, ки ҳамон рӯз тарки муҳоҷират кунам, аммо мушкилиҳои дар пешам буда маро маҷбур мекард, ки ҳамаро таҳаммул намоям.
Замин сахту осмон баланд, чӣ ҳам мекардам ба ҷуз сабр. Баъд аз се моҳи кори мағоза ба кори тозакунии биноҳои истиқоматӣ гузаштам. Чор бинои истиқоматиро гирифта, дар соатҳои муайян тоза мекардам ва маошам аз кори пештарам каме баландтар буд. Дар фасли сармо каме мушкил буд, чунки дар он шаҳре, ки ман кору зиндагӣ мекардам, зимистонаш барвақт меомаду хеле сард буд. Чор моҳ кор кардаму баъд аз ҳаво каме гарм шудан, хостам корамро иваз кунам. Ба ин хотир ба ҷустуҷӯи кори сердаромад машғул шудам.
Баъди пурсупос ва тавсияи баъзе дӯстонам, ки ба таъмири хона машғул буданд, маълум гашт, ки дар Русия барои мардикорҳо яке аз корҳои сердаромад, таъмири хонаҳо будааст. Ба хулосае омадам, ки самти фаъолиятамро пурра иваз кунам ва ба кори сердаромад машғул шавам, чунки бояд маблағи шартномаро супораму боз барои дигар корҳо маблағ пасандоз намоям.
Дар аввал ин кор бароям сангин буд, чунки бардоштани кирпичу ранг кардани дару тирезву часпонидани абой барои зан мушкил аст, вале ҳама кор роҳу равиши худро дорад, вақте дасти одам мечаспад, дигар ин мушкилиҳо бартараф мешавад ё ба қавли дигар гуем, одат мекунем.
Корам сангин буду даромади хуб дошт
Соати кории мо аз 12-соат зиёд буд ва маблағаш ҳам бад набуд. Вале барои зан ин кори хеле сангин маҳсуб меёбад. Зеро баромадани баландиҳо, бардоштани масолеҳи сохмтони аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани дастгоҳу асбобҳо кори хатарнок аст.Аммо чӣ илоҷ барои маоши хуб бояд инсон ба тамоми мушкилиҳо омода бошад.
Агарчӣ дар Русия кори хуб ва маоши хуб дошта бошам ҳам, вале ҳар вақте ба сафар баромадани мешавам, дилам буғз мегираду зиқ мешавам. Чунки Ватан дигар аст обу ҳавои ватан дигар аст.
Ҳоло дар курси чорум мехонам. Тасмим гирифтаам, ки баъди хатми донишгоҳ ва озод шудан аз шартномаи донишгоҳ дар кишври худамон коре пайдо кунаму назди пайвандонам бимонам.Зеро таҳаммул кардани азобу ранҷу дурӣ ва аз ҳама асосаш азияти муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан занон хеле риқатовар аст.
Чанд моҳ аст, ки маро ба кор даъват мекунанд, вале бо сабаби бад будани вазъи саломатиам, онро ба баъд гузоштам. Акнун чиптаам омодаасту бояд чанд рӯз пас боз ба муҳоҷират баргардам. Намедонам дар ин вазъ кори муҳоҷирзанҳо тоҷик чӣ гуна мешуда бошад. Бо вуҷуди тахминҳои манфӣ бояд ба Русия равам...