Formula novemver 2024
Азиятдиҳандаро чӣ интизор аст?
3507

 

Ман як зани дар зиндагӣ азобдида ҳастам. Ҳеҷ вақт натавонистам, ки ба нафароне, ки маро зери хушунат қарор доданд, мубориза барам.

Акнун умрам ба ҷое расид ва мехоҳам, ки барои дигар заноне, ки айни ҳол ба чунин ҳолат гирфитор ҳастанд, мегуфтед, ки нисбати нафаре, ки озори ҷинсию равонӣ медиҳад, чӣ чораҳо андешида мешаванд?

Раҷабова Л.

Яке аз ҳадафҳои Қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила” ин ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда мебошад.

Бо назардошти ҷабрдиҳанда , яъне қонуншикан манбаи асосии зӯроварӣ дар оила мебошад ва мувофиқи модаи 11 ин қонун, ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар шудааст, ки шахси содирнамудаи зӯроварӣ дар оиларо ба қайд гиранд ва татбиқи чораҳои тарбиявӣ- профилактикӣ нисбат ба ӯ амалӣ созанд ва бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 майи соли 2018 дар шаҳри Леваканд ҳуҷраи махсус барои ислоҳи рафтори ҷабрдиҳандагони оилавӣ кушода шуд, ки барои такрор накардани амалҳои зӯроваронаи онҳо ва тағйир додани рафтори онҳо мебошад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани ин хизматрасони барқарорсозии муносибатҳои созгор дар оила тавассути мусоидат ва тағйир додани рафтори азиятдиҳанда нигаронида шудааст, ки мутанисабан ё бавосита ба ҳифзи оила ва некуаҳолии минбаъдаи аъзои оила мусоидат мекунад.

Дар кишвар соли 2020, 295 парвандаи зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудааст. Мақомот барои пурзӯр кардани мубориза бо ин зуҳурот охири соли 2021 хушунат ба занро ҷиноят эълон карданд ва барои он ҷазои зиндон ҳам таъйин шуд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД