Қазияи марги донишҷӯ дар хобгоҳ таҳқиқ мешавад
113

Бахтовар Расулов, донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар бахши забонҳои Осиё ва Аврупо таҳсил мекард, гуфта мешавад, рӯзи 6-уми декабр дар хобгоҳи №8-и донишгоҳ худро ба дор овехтааст.

Ба гуфтаи дӯстону наздиконаш, ӯ аз дарс нисбатан барвақт баргашта, дар милаи пардаи ҳуҷра худкушӣ кардааст. Пеш аз ҳодиса, Бахтовар ба модараш, ки дар ноҳияи Зафаробод зиндагӣ мекунад, занг зада ва дар бораи қарздор шуданаш хабар додааст.

Падараш, Шералӣ Расулов гуфтааст: “Телефонбозӣ кардааст ё футбол - ҳаминҳо сабаб шудаанд. Солҳои аввал нағз мехонд, донишаш ҳам хуб буд. Тобистони имсол бо ду дӯсташ бозӣ карда, қарздор шудаанд. Ба модараш занг задааст. Мо гуфтем, ки пагоҳ ба Душанбе меравем, ҳал мекунем. Шояд фикр карда, ки падару тағоҳояш огоҳ мешаванд ва шарманда мешавад, ҳамин корро кардааст”.

Масъулони донишгоҳ ва хобгоҳ ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ҳуҷрае, ки дар он Бахтовар бо панҷ донишҷӯи дигар зиндагӣ мекард, аз ҷониби мақомот муҳр зада шудааст ва аз ҳамхонаҳояш баёнот гирифтаанд.

Мақомот таҳқиқот мебаранд, аммо яке аз фарзияҳои муқаддамотӣ ин аст, ки донишҷӯ пас аз бохт дар бозиҳои букмейкерӣ ё шартбандии варзишӣ қарздор шуда, эҳтимол дар ҳолати руҳафтодагӣ даст ба худкушӣ задааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД