arzon replenishment
Аждаркелинро Худо зад Қисми 2
1912

Худкардаро даво нест...

Муҳайё бар замми танбалию беҳунариаш бисёр зани бадгумону морзабон буд ва ҷони шавҳарашро бо суханони нешдораш ба лабаш меовард. Мабодо Хуршед ба ягон кору рафтори занаш эрод бигирад, дарҳол аз даҳони Муҳайё оташ борида, бидирросзанон мегуфт: “Беҳуда намегуфтаанд, ки мардак пулдор шавад, аз худ рафта, нозу нузаш бисёр ва занбозу занҷаллоб мешавад. Аз афташ шумо ҳам ягон беваи дигар ёфтаед, ки мудом ягон чизро баҳона карда, ҷанг мекобед. Маъқул набошад, баромада равед! Пеши ҳамон хонумҳои таннозатон равед, лекин дониста монед, ки ба ғайр аз шиму костюматон дигар як хасро ҳам аз ин хона бурда наметавнед. Ман якто не, ду бача дорам ва ҳамаи ин хонаву дар ҳаққи фарзандони ман аст...”

Хуршед аз суханони аблаҳонаи занаш ба ғазаб ояд ҳам, базӯр худро ба даст гирифта, оҳи сард мекашид ва “Занаки аблаҳ, ман чӣ мегӯяму ту дар чӣ хаёлӣ. Ҳамин хонаву дар аз сарат монад” гӯён, баромада мерафту аламашро аз арақ мегирифт.

Ин ҷавонмарди бо обрӯву сарватманд парвои хонаву дар ва чизу чора надошт, марди ҳавасбозу занҷаллоб ҳам набуд, вай танҳо мехост мисли дигар мардон бо ҳамсару фарзандонаш одамвор зиндагӣ кунад, аммо ба зани каждумзабонаш инро фаҳмонда наметавонист. Муҳайё шавҳарашро тамоман намефаҳмид ё фаҳмидан намехост.

Ҷони Хуршед аз дасти зани нобоб ба лабаш расида бошад ҳам, хотири ду фарзандаш маҷбур буд, ки тоқат кунад, зеро вай хуб медонист, ки Муҳайё на танҳо ҳамсари бад, балки модари бад ҳам ҳаст ва агар кӯдакон дар дасти ӯ монанд, ҳолашон зор мешавад. Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ гуфтагӣ барин, мардаки бечора маҷбур буд, ки ба ҳамааш тоқат кунад, зеро дар вақташ Муҳайёро худаш ёфта, дӯст дошта ба занӣ гирифта буд.

Тӯҳмати янга

Дар ин миён духтари апаи калонии Хуршед мактаби миёнаро хатм карда, ба шаҳр хонданӣ омад. Волидони духтарак мехостанд барои фарзандашон ягон хонаро иҷора бигиранд, вале Хуршед “Духтари ҷавон дар як хонаи алоҳида чӣ хел зиндагӣ мекунад? Монед дар хонаи мо истад, ҳам ба янгааш ёрӣ медиҳад, ҳам дилатон пур, ки духтаратон дар ҷойи бегоне не, дар хонаи тағояш аст” гӯён, апаву язнаашро розӣ кунонд, ки фарзандашонро ба хонаи вай оварда монанд.

Хуршед дилпур буд, ки занаш аз омадани ҷиянаш-Мавзуна хурсанд мешавад, зеро Муҳайёи танбал ҳамеша ниёз ба касоне дошт, ки дасташро ба қавле сабук карда метавонанд, аммо тираш хок хӯрд. Муҳайё ҷияни шавҳарашро бо қошу қавоқи гирифта пешвоз гирифта, аз рӯзҳои аввали ба хонааш омаданаш ба ин духтари бечора рӯйи хуш надод. Мавзуна духтари бо дасту панҷа буда, янгаашро аз пухтупазу кору бори хона тамоман халос кард. Ин духтараки ҳунарманд саҳар аз ҳама барвақт аз хоб хеста, субҳона мепухту шиками бачаҳои тағояшро сер карда, сару либосашонро мепӯшонд ва барои рафтан ба боғча тайёр мекард. Пас аз дарс низ тамоми кору бори хонаро ба сомон расонида, ҳар бегоҳ дар баробари ягон хӯроки лазиз пухтанаш боз хӯришҳои рангоранг ва шириниҳои хушмазза мепухт, вале бо ин ҳама такопӯй ҳузури Мавзуна ба чашми янгааш мисли хор мехалид. Муҳайё дид, ки бо қошу қавоқ ҷияни шавҳарашро аз хона берун карда наметавонад, роҳи дигаррро пеш гирифта, хост ба пойи Мавзуна, ки бисёр духтари боодобу хушахлоқ буд, туҳматеро часпонида, ӯро бадном созад, аммо тираш хок хӯрд. Падару модар ва бибию бобои духтар ба сафсаттаҳои Муҳайё дар бораи он ки Мавзуна ба ҷойи дарс хондан мудом кавалербозӣ карда мегардад, бовар накарданд ва дар дил ба келини бадгуҳар лаънат хонда, духтаракро гирифта бурданд...

Ҷазои Худо

Волидону пайвандони Хуршед пештар ҳам ба хонаи писарашон хеле кам меомаданд, баъди дар ҳаққи Мавзуна туҳмат бофтани келин бошад, дилашон тамоман хунук шуда, пою қадамашонро ба пуррагӣ аз остонаи дари Муҳайё канданд. Келинчаки худпарасту мағрур дар дил хеле хурсанд буд, ки дигар хешу табори шавҳараш ба хонааш меҳмонӣ намеоянд ва Хуршедро чӣ хеле, ки хоҳад, ҳамон тавр бозӣ медиҳад. Ин зани айёр гумон дошт, ки Хуршедро аз падару модар ва хоҳару бародаронаш ҷудо карда, минбаъд тамоми ёфту тофти шавҳарашро ҳамроҳи модару хоҳарони худаш мехӯрад, аммо...

Беҳуда нагуфтаанд, ки Худо дергиру сахтгир аст, беҳурматии ин ҷавонзани беандеша нисбат ба хусуру хушдоман ва нописандиҳояш нисбати шавҳару дигар ақрабои ӯ аз назари офаридгор дур намонда, гирифтори бемории саратон гашт. Ҳаққу ҳамсояҳояш, ки чӣ гуна зани бадгуҳар будани Муҳайёро кайҳо дарк кардаанд, ошкоро мегӯянд, ки зани муаллими Хуршедро оҳи дили хушдоман ва хоҳаршӯяш гирифт. Чанд моҳ боз Муҳайё бемор асту Хуршед ба хотири фарзандонаш занашро дар ба дари беморхонаҳо мегардонад, аммо касе ба дардаш даво ёфта наметавонад. Муҳайё худаш ҳам дарк кардааст, ки Худованд барои рафтори ноҷо ва дилозориаш ӯро ба ин дарди бедаво гирифтор кардааст ва аз корҳое, ки дар ҳаққи пайвандони шавҳараш кард, сахт пушаймон аст, вале аз пушаймонӣ дигар суде нест...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД