Мехоҳам ҳама андуҳи диламро рӯйи коғази сафед бирезам, то мардум хонанду аз Худо тарсанд. Борони наҳсе, ки болои оилаи тинҷу тифоқ ва ободи мо рехт, тири ғазаби Худои бузург буд. Мехоҳам ин қиссаи талхро пешкаши хонандагони «Оила» намоям, ин на афсона асту на бофтаи хаёл, балки ҳақиқати зиндагист…
Беҳтарин оила
Мо дар оила дувоздаҳ нафар будем, даҳ писару ду духтар, модарам қаҳрамонмодари номдор ва корманди китобхонаи деҳа буданд. Ҳарчанд маълумоти олӣ надоштанд, дар тарбияи мо зиёд кӯшиш мекарданд, падарам як умр директори мактаби деҳа марди қоматбаланди зебо ва гули сари сабади маҳфилу маъракаҳо буданд. Ману хоҳарам фарзандони хурдии оила ба шумор мерафтем, бародаронам як-як баъди хатми мактаб ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ва берун аз он дохил мешуданд ва баъди хатми донишгоҳ духтарони дӯстдоштаи худро ба занӣ гирифта, каме хизмати волидонамонро карда, баъд рӯзгорашонро ҷудо менамуданд.
Янгаҳоям низ духтарони маълумоти олидор ва аз минтақаҳои гуногуни кишвар буданд, дар деҳа оилаи мо оилаи намунавӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳавлии калону зебо боғу роғи дилкушо дили ҳар бинандаро мерабуд, аксари духтарони деҳа мехостанд келини хонадони мо бошанд, вале бародаронам духтарони хондагиро хуш доштанд. Дар деҳаи мо қариб, ки духтарони хондагӣ набуданд… Ду бародари хурдиям аз деҳаи ҳамсоя зан хуш карданд, як янгаам табиб ва янгаи дигарам муаллима буд. Ҳашт бародари дигарам дар шаҳрҳои гуногуни ватанамон кору зиндагӣ мекарданду мансабҳои баланд низ доштанд. Ману хоҳарам аввалин духтароне будем, ки аз деҳа барои хондан ба шаҳр омадем ва баъдтар пайравони мо пайдо шуданд…
Писари домулло
Дар замони шуравӣ ба донандагони дини ислом назари хуб надоштанд, бобои падариям домуллои калон буданду падарам низ аз иллоҳиёт хабар доштанд, вале ҳамеша бар зидди Худо баромад мекарданд. Шояд тарси «муллобача» нанамудан дар назди масъулин падарамро ба ин кор маҷбур мекард? Ӯ динро афюни халқ номида, дар ҳаққи Худою пайғамбарон чунон носазо мегуфт, ки баъзеҳо гӯшҳояшонро медоштанд то гунаҳгор нашаванд.
Дар моҳи шарифи Рамазон бошад, дар дасташ косаи об рӯзаи хонандагони синфҳои болоиро мехӯронд, то гузаштани ин моҳи шариф кори падарам ҳамин буд. Духтаракон ӯро дар ғайбаш дуои бад мекарданду мегиристанд, ки рӯзаашон фосид шуд, вале модарам пинҳонӣ аз ӯ рӯза медошт… Ёд дорам бобоям ба хонаамон омада, падарамро насиҳат мекарданд, ки ин корҳояшро бас кунад:
- Писарам, агар ту дар дилат ба Худои худат шак меоварӣ кофирӣ, пас чаро ин ҳамаро назди мардум такрор ба такрор гуфта, худатро бадтар осӣ мекунӣ?!- пичиррос мезаданд бобоям… Модарам низ аз ин кори падарам норозӣ буданду ҳамеша мегуфтанд:
-Мардак ягон рӯз касофати ин гуфтаҳоят ба сарат меоянд.
Падарам насиҳатҳои бобоямро оромона гӯш кунанд ҳам, ба сари модарам дод мезаданд, ки “занаки беақл, ман мансаби баланд, фарзандони хуб ва хонаи обод дорам, чӣ наҳсият ба сарат омадааст?!” Модарам бо оби чашм мегуфт:-Худо дер мезанаду дуруст….
Заволи давлат
Солҳо мегузаштанд, мо ҳамагӣ соҳиби хонаю дари хеш гаштем, падарам низ ба нафақа баромаданд, ҳарчанд солҳои ба нафақа баромадани падарам дигар касе диндоронро душмани ҳукумат наменомид, падарам дар маҷлисе баромад карда гуфтааст:
- Ман пеши шумо ваъда медиҳам, ки риш намемонам, ба масҷид намеравам ва намоз намехонам!
Модарам ин гуфтаҳои падарамро шунида, бо ӯ ҷангу ҷанҷол кард ва як соли дароз ҳамроҳаш гап назад, падарам чунин ҳам кард…Падарам умри дароз дид, вале….
Агар номи бародари калониямро гирам, аксарияти хонандагон, хоса насли калонсол ӯро хуб дар ёд доранд, зеро ӯ яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги кишвар буд. Бародари калониям ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд, яку якбора аз кору бораш даст кашида, хонанишин шуд.
Мо аҳли оила ҳамагӣ аз ӯ қарздор будем, зеро маҳз ӯ моро хононда одам карда буд. Ҳар гоҳе ба хабаргирияш мерафтам, янгаам намегузошт то наздаш дароям, касеро намешиносад гӯён, ба мо рӯи хуш намедод. Аммо ман ба зӯр назди акаам медаромадам, ӯ як гапҳое мегуфт, ки ба ақли солим рост намеояд. Ӯ маро наздаш шинонида чунин нақл кард:
- Хоҳарам, ман дини христианиро қабул кардам, зеро ҳамеша ҳамроҳи Исои Масеҳ ҳастам.
Аз ин гуфтаҳои акаам талхакаф гуфтам, ки “акаҷон ин хел нагӯед, шумо мусулмонед”. Ӯ бо хандаи аблаҳона посухам дод, ки ман ҳеҷ гоҳ мусулмон набудам, бадтар аз ин мо ҳамагӣ ҳастем, зеро падарамон беимон аст.
То дами маргаш, акаам на касеро дидан мехосту на шунидан, баъде, ки писараш одамкушӣ карда, ба муҳлати бист сол зиндонӣ шуд, янгаам ӯро ба беморхонаи маризиҳои рӯҳӣ супурд, фақат ману хоҳарам хабараш мегирифтему халос, зеро дар ин байн модарам аз дунё гузашту падарамро бошад, ӯро умуман дидан намехост…
Ситораи наҳс
Шояд дар осмони хонадони мо ситораи наҳс тулуъ карда буд, ки дар садамаи автомобилӣ панҷ бародарам яку якбора шаҳид шуданд. Онҳо ба хабаргирии падари беморам омаданӣ буданду мошин ба дарё парид, мо ҳатто ҷасади онҳоро ёфта, одамвор ба хок супорида натавонистем. Ин даҳшат падарамро чунон шикастане кард, ки дигар аз ҷой хеста наметавонист.
Зани яке аз бародарони бенишон гаштаам нақл кард, ки панҷ бародар баъди нишаст дар тӯйи як ҳамшаҳриямон ба хабаргирии падар омаданӣ мешаванд, ҳамагӣ маст будаанду сабаби садама низ аз ҳад зиёд маст будани бародари дуюмиям будааст. Ҳарчанд мо инро аз мардум пинҳон дорем ҳам, дар деҳа мардум дар ҳаққи онҳо гапу калочаҳои зиёде бофтанд.
Падарам шаш моҳ рӯи бистар монд, аз гулӯяш об намегузашт, ману хоҳарам ва чор бародарам ҳамеша дар назди ӯ будем. Падарам на ҳарфе мезаду на чизе мехӯрд, мо ҳайрон будем, ки чӣ гуна инсон ин қадар муддати тӯлонӣ метавонад бе обу нон зинда монад. Падарам ба “скелет” монанд шуда буд, ки аз диданаш ба дил ваҳму ҳарос ҷо мешуд.
Мо ба ғаму ғуссаи худ овора будем, ки дар деҳа хабар паҳн гашт, ки дар кӯҳ ду чӯпонро ба қатл расонида гӯсфандҳояшонро дуздидаанд. Баъди як моҳ бародари дигарамро ба ҷурми қатли чӯпонҳо дастгир карда, биступанҷ сол равонаи зиндон намуданд. Пас аз ду моҳи ин ҳодиса падари пӯсту устухонам ҷонашро ба ҷонофарин супорид, мешунидам, ки кампиракон байни худ пичир-пичиркунон падарамро дӯзахию беимон меномиданд…
Баъд аз сари падар…
Ман азобҳои кашидаи падар ва ҷуғзхона шудани хонаи падариямро дида, рӯ ба ибодат овардам, хоҳарам низ дар ин кор пайрави ман гашт. Дукаса хондани «Қуръон»-ро омӯхтему дар баробари кори давлат тоату ибодатамонро ба ҷо меорем, хушбахтона фарзандонамон низ мисли худамон худотарсанд.
Аз Худованди меҳрубон ҳамеша умеди омурзиши гуноҳони падарамро дорам, вале бо ин ҳама ҷазои он Ломакон дар ҳаққи мо қатъ нашуда будааст… Бародари қотилам аз зиндон раҳо шуд, вале ба бемории марговаре гирифтор аст, бародари аз ҳама корчалону пулёб ва соҳиби сарамон, ин хабарро шунида, аз сактаи қалб дар синни панҷову панҷсолагӣ аз дунё гузашт.
Имрӯз аз даҳ нафар бародари паҳлавону зебо босаводу хонадори ман танҳо як нафар зинда асту чароғи хонаи падарамро фурӯзон нигоҳ медорад, бародари касаламро, ки дар қатори мурдаҳост ӯ ва ҳамсараш нигоҳубин мекунанд. Ману хоҳарам аз дарду ғами бисёр ба беморӣ задаем, вале гардани якдигарро гирифта, як соат гиряву нола мекунему боз аз пайи ташвишҳои зинагӣ мегардем. Шукри шавҳарҳои хуб ва хонадони ободамонро менамоем….
Қабристони «немисҳо»…
Дар рӯзи дуюми иди бузурги Рамазон ҳамроҳи хоҳарам ва писари калониям ба деҳа ба хонаи падариям барои дуову фотеҳа рафтем. Баъди дидорбинӣ бо хешу табор ҳамроҳи хоҳарам ба сари гӯри падару модар ва бародарам рафтем. Бародари ҷавонмаргам як қисми гӯристонро дарахту гулу гиёҳ шинонида аст, зери дарахтони маҷнунбед гӯри волидон, гӯри рамзии панҷ бародари ба коми дарё рафтаам бо лавҳи мармарин ва қабри бародари аз сактаи дил фавтидаамро дида, дукаса хеле оби чашм рехтем. Ҳамин вақт ду писараки даҳ- дувоздаҳсола наздамон ҳозир шуданду ба мо салом доданд, дар дасташон ҷорубу сатил доштанд.
- Ин ҷо чӣ кор мекунед бачаҷон, -пурсид хоҳарам аз онҳо.
- Мо набераҳои бобои Саид, гӯри бобоямонро тоза карда, дар бехи дарахти рӯи гӯраш об рехтам,- гуфт яке аз бачаҳо,- ҳаа ин ҷо гӯристони немисҳост,- ба гӯри волидон ва бародарони ман ишора карда, илова кард писарак. Писараки дуюмӣ, ки то ҳозир хомӯш буд, ҳамроҳашро сарзаниш карда гуфт:
- Дафъ шав, падарам мегӯяд, ки ин ҷо немисҳо не, як муаллими зӯр гӯронида шудааст, одамон дурӯғ меган…
Ҳамсӯҳбатонам рафтанду ману хоҳарам бо дидаҳои гирён хеле вақти дигар он ҷо мондем, хуб медонам, ки аҳли деҳа «немис» гуфта, бехудову беимон ва инсонҳои гандаро ном мебаранд. Яъне, онҳо то ҳол гуноҳи падарамро набахшидаанд…
Амонат
Таснифи Рухсора Саид