formula feb 2025
Аз занам сад бор узр мепурсам!
06.02.2025
ҲАЁТ
1490

Салом! Ман хонандаи Oila.tj ҳастам ва мехоҳам қиссаи ҳаёти худро нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Тахминан 2 солу 3 моҳ пеш бо Азиза ном духтари зебое шинос шудам ва ин ошноӣ ба ишқу муҳаббат табдил ёфта, мо оиладор шудем. Аз рӯзҳои аввали зиндагиамон занам бо меҳру муҳаббати зиёд бо ман муносибат мекард, вале ман, ки пеш аз ин як бор хонавайрон гашта будам, бо тамоми ҳастӣ ба Азиза дил бастан намехостам. Аниқтараш аз он ҳарос доштам, ки ин духтар ҳам диламро мешиканад, аммо дар байни ду сол лаззати ҳақиқии хушбахтиро чашидам ва чӣ будани ширинии зиндагиро дарк намудам. Азиза ба ман нишон дод, ки иззату ҳурмат нисбат ба шавҳар чӣ гуна аст, вале бо сабаби вайрон будани асабам ман бисёр занамро меранҷондам ва зиқ мекардам. Алами сахтиҳои зиндагиро аз Азиза гирифта, бо ҳамсарам муомилаи безеб мекардам. Афсӯс, хеле дер фаҳмидаам, ки ба ҳамсарам чизу чора, молу мулк не, балки меҳру муҳаббати ман лозим будааст, вале фикру хаёли мани беандеша ҳамеша ба оилаи пештараам банд буду парвои эҳсосоти Азиза надоштам.

Билохира, косаи сабри ҳамсарам лабрез гашт ва имрӯз мехоҳад аз ман ҷудо шавад. Мо як духтарчаи зебо ва як писар дорем ва ман оилаамро аз даст додан намехоҳам, вале дили занам аз зиндагӣ сард гаштааст. Ман худам аз кӯдакӣ бе падар калон шудам ва чӣ қадар сахту сангин будани ҳаёти бачаҳои бепадарро хуб медонам, барои ҳамин, бо кадом роҳе, ки набошад, оиламро дубора ба хонаам баргардонидан мехоҳам.

Занамро сахт дӯст медорам! Пушаймонам, ки Азизаамро озор додам. Хешу таборон гапҳои дурӯғи зиёде гуфта, байни мо ҷудоӣ ва хунукӣ андохтанд. Аз ҳамин сабаб занам маро дидан намехоҳад.

Чораи дигар наёфта, қарор додам, ки бояд рози диламро тариқи сомонаи Oila.tj ба ҳамсарам бирасонам. Мехоҳам бо ёрии шумо - хонандагони азиз аз занам узр пурсида, зиндагии қариб вайроншудаамро аз нав устувор созам.

Азизи дилам Азиза! Барои ҳар як сухани ноҷои гуфтаам, барои ҳар як рафтори нохуб ва ҳар лаҳзае, ки туро ноҳақ ранҷондам, узр мепурсам. Илтимос, баргард!

Дар охир ба хонандагони сомона гуфтаниям, ки ғурур ва ҳавобаландӣ ҳеҷ гоҳ ба касе хушбахтӣ наовардаасту намеорад. Оилаатон, ҳамсар ва дӯстдоштаи худро қадр кунед, эҳтиёт намоед. Мову шумо, агар ба ғурур ва такаббур дода шавем, кӯдаконамон ятим ва занҳоямон дилшикаста мешаванд. Бахти худро қурбони ғурур насозед, ҷӯраҳо!

ҲАЁТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД