goodwell
Аз якуми июл имтиҳонҳои дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои олӣ оғоз меёбад
78

Маркази миллии тестӣ иттилоъ додааст, ки аз 1 то 10-уми июли соли 2026 имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.

Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намудани имтиҳоноти қабул дар 55 маркази имтиҳонӣ, ки дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар ташкил карда шудаанд, барои довталабон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ҳамзамон, ин маълумот дар кабинети инфиродии довталаб мавҷуд мебошад.

Давталабон метавонанд даъватномаи худро аз сомонаи ММТ дастрас намуда, дар вақти зиркшуда бо шиносномаи худ ба макони имтиҳон ҳозир шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД