Arzon march 2024
Аз волидон дархост шуд, ки рӯзи ид кӯдаконро беназорат нагузоранд
475

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, аз сабаби беназоратӣ ва каммасъулиятии баъзе аз волидайн, содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар қонуншиканиҳо бо иштироки наврасон ба қайд гирифта мешаванд.

Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини бехатарии кӯдакон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо иштироки ноболиғон, аз волидайн хоҳиш кардааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон кӯдаконро дурудароз беназорат нагузоранд. Аз беҳудагардӣ ва шабгардию оворагардии кӯдакон пешгирӣ намуда, онҳоро ба иҷрои амалҳои муфид сафарбар созанд.

Дар ҳолати ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задани ноболиғон, барои бемасъулиятӣ нисбати волидайн чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД