Гавҳар ном дорам. Бигзор ҳамагон маро шиносанд. Бимсёриҳо метарсанд, ки қиссаи моро хешу табор ва наздиконамон мехонанду лаънатамон мекунанд, ки дар сайт худашро баровардааст. Ман аз он тоифа инсонҳо нестам. Бигзор саргузашти маро бихонанду хулосаи дилашонро бароранд.
Инҷо бо розигии шаваҳарам омадам то асрори ҷангу ҷадолҳои байнамон шударо ба хонандагони «Оила» нақл кунам. Духтаре будам, ки бо сухани падару модарам кор мекардам. Онҳо дар ҳар як шишту хезам ба ман мегуфтанд: Духтарам, ту давоми умри моӣ, ту ягонафарзанди моӣ, кўшиш кун обу рўи моро бо андак кори хатоят нарезонӣ. Асло суханашонро фаромўш намекардам. Мактабро бо саводи олӣ хатм намудам. Аз сабаби шаҳр дур будан ман натавонистам, ки падару модари пирамро партофта ба хонданӣ равам. Орзуҳоям дар дарунам пўсидада бошанд хам умедвори рўзҳоли хуш будам. Барзами ин ошиқонам кам набуданд, аз мўйи сарам низ зиёд буданду чун магар аз пасм канда набуданд. На бо мактубнависӣ дили маро ба дастоварда метавонистанду на бо сухани хуб. Дугонаи ҷониям Нилуфар ба деҳаи дигар фотиҳа шуд. Ӯ аз рўзи аввал ман туро шоҳиди худам мекунам гуфта ба ҷону ҳорлам намемонд. Худамро таъриф намекунам ва ҳар он ҳусне, ки Худованд ба ман додааст шукрона мекунам. Хулас, тўй баргузор шуд. Бо розиги волидонам шоҳиди Нилуфар шудам. Ба деҳаи поён омадем. Маро дидан замон тарафи қудо ин духтар фариштаи тайёр будааст. Ку фаҳмед, ки духтари ки бошад. Ин гуна суханҳо ба гўшам мерасиданд вале сир бой надода, сари хамамро боло намебардоштам.
Дар саҳнаи тўй қариб бист ҷавон ба наздам рақами телефон партофтанд, ба рўяшон нигоҳ накардам. Сарояндаҳои тўй аз ман чашм канда наметавонистанд. Ҳарчи зудтар анҷом ёфтани тўйро мехостам. Тўй тамом шуду, ҷони ман ба рақс даромад. Ҳамроҳи янгаҳои Нилуфар шои ҳамон рўз ба хонаҳоямон баргаштем. Як рўз аз байн нагузашта, се марди калонсол ба хонаамон омаданд. Падарам дар саҳро буданд, модарам бошанд ба хонаи холаам рафта буданд. Касе набуд, ки онҳоро пепшвоз гирад. Ҷорубро як сў партофта наздашон омадам. Падаратон нестанми, хоҳар!
Не, онкас аз субҳ дар саҳроянд, марҳамат ба айвон гузаред, онкасро фарёд мекунам. Аз ср то пойи маро назора карда, дар лабашон табассум пайдо шуд. Мо интизор мешавем, шумсо зудтар падаратонро фарёд кунед. Хўб шудааст, гуфта давидам.
Дар роҳ ба худ суол медодам, инҳо кӣ бошанд. Мабодо ягон хостгор набошанд, ки мани шарманда пешвозашон баромадам. Не, инҳо аз ин ҷойҳо не, дўстони падарам ҳастанд гуфта ба назди падарам рафтам ва онкасро хубар карда ба хона якҷоя баргаштем. Зуд ба ошхона даромада, ягон чи омода кардан маро зарур омад. Падарам ба наздашон рафта, дар чи масъалае гапзаданду маро назадашон хонданд. Табақи картошкабирён дар даст наздашон омадам. Духтарам инҳо хостгорони туянд. Ҳамсояи дугонаат Нилуфар будааснд. Ту рози ҳасти, ки писарашонро якбор фарёд кунанд, аз наздик ҳамдигарро бубинед. Шармида, чизе шумо хоҳд. падарҷон гуфта ба суйи ошхона давидам.
Соате нугазашта ҷавонро даъват намуданд. Моро ба хонаи алоҳида дароварданд. Рўйи ҷавонро нигоҳ карда наметавонистам, дасту пойҳоям дарақ-дарақ меларзиданду ҳарчи зудтар роҳи гурез мсеҷустам. Номи Ман Амир, ҳамсояи Нилуфари дугонаат, туро рўзи тўй модарам маъқул намуда буданд. Агар розӣ бошӣ, туро хушбахт мегардонам. Вақте ба чашмони ў нигаристам, ошиқи шайдояш гаштам. Падарам розӣ бошанд, ман розиям.
Ин хабар ба гўши онҳо расид. Моро фотиҳа намуданд. Модарам шом ба хона омаду хабари фотиҳа шудани маро шунида, об аз чашмонаш мисли борони баҳорӣ рехт. Модарҷон ман шуморо танҳо гузошатани нестам, зуд-зуд ба айёдатон меояму меравам. Ҷавонро дар фотиҳа нигоҳ доштан хостияти хуб надорад, харчи зудтар тўйро баргузор намудан лозим, хабар додан аз тарафи қудо.
Хулоса, бо тайёрӣ тўйи ману Амир барпо шуд. Рўзи арўсбарӣ бачаҳои деҳа роҳи мошини моро бастанд. Духтари зеботарини деҳаро бурда истодааед, мо иҷозат намедиҳем, ки 500 доллар надода, аз инҷо меравед бо овози баланд фарёд зад яке аз онҳо. Амаки домод ба гап даромада гуфт: Мо нархи қалиндро инқадар баланд надода будему шумо чиҳо гуфта истодаед. Баҳсашон зиёд мешуду кам не. Мо ҳамин хел тайёракак Гавҳарро ба шумо намедиҳем. Хоҳед нахоҳед пули гуфтаамонро бармегардонед. Дарунамро мехўрдам, ки ҳозир ягон бало ср мезанад. Шерафган ном ҷавони ҳамдеҳа, ки ошиқи зори ман буду мудом дашном аз ман мешунид бо садои марғуладор ҳарза зад: Домод ояд, ку якбор қомататро нишон деҳ! Мо духтари деҳаро ба ту дода истодаему ту боши мисли занҳо дар фатаи арўс пинҳон шудаӣ. Амир аз гапи он бешараф ба ғазаб омада ба рўяш мушти обдоре фаровард. Онҳо якҷоя ба Амир дарафтоданд. Тарафи домод ҳарчанд онҳоро мезаданд вале ба осонӣ раҳо шуда наметавонистанд. Мардуми деҳа ҷамъ оммданд. Хулас, он рўз дар деҳа қиёмат қоим шуд. Бо сару рўйи варамида, бо шиму кастюми дарида домод ба мошин нишсту мо ба самти деҳи поён раҳсипор шудем. Барқасд кардагӣ барин тўй онрўз баргузор нашуд. Ҳофизо пулро гирифтанду рафтанд. Мардум ташнаи савту наво буданд вале интизорияшон бепоён анҷомид. Амир якбора тағйир ёфт.
Ин корро ҳамин хел намегузорам гуфта шоми ҳамон рўз ба идораи суд рафт. Аризаи шикояти навишта ба хона баргашт. Зиндагии мо навхонадорон сар шуда бошад хам Амир дигар бо ман хуб гап намезад. Мисли душман бо ман муносибат намуда, чунин суханҳои сахт мегуфт, ки аз шуниданаш ҷигарам шикоф мегашт. Сухани ширинро боре аз забони авҳарам намешунидам. Доим дашном дода, маро меранҷонд. Дигар поятро ба деҳаатон намегузорӣ, ба падару модарат лозим бошӣ, роҳа монро медонанд худашон омадан гиранд. Охир, онҳо пиранд, ин роҳи дарозро чи гуна тай карда меоянд?
Ту ба ман гап нате, нахўди пеши қошуқ! Шояд гапгардони намудам. ки чизе, ки аз пешаш баромада ба сарм ҳаво дод. Косаву табақҳои шикаста рўи хона мехобиданд. Дар як кунҷи хона нишаста мегиристаму ба тақдири бадам лаънат мехондам. Моҳҳо гузашта бошанд, ҳам ба мн муясар намегашт, ба хонаимодарам равам. Як нисфирўзӣ аз хушдоманам иҷозат гирифтам, ки ба хонаи Нилуфар мераваму зуд бармегардам. Рав духтарам гуфтанд. Сўҳбатамон қўр гирифту нафаҳмида мондам, ки чи гуна рўз сипарӣ шудааст. Як вақт ба соат нигаристам, соат 4и бегоҳ шуда буд. Бо Нилуфар хайрухуш накарда ба хона омадам. Хайрият Амир аз кор наомада буд. Шом ба хона омадани Амирро интизор шудам. Аз дарвоза даромадан замон баберун баромадам. Қошу қавоқи гирифта маро дашномкунон двид. Ту ба кўча худатро намоиш додан баромадӣ, ту аз ки пурсида ба кўча ба назди ҷўраҳои ман рафтӣ. Онҳо медони маро чигуфтанд. Онҳо гуфтанд, ки зани ту хушрўй будас, сўйи мо хандида гузашт, агар хотири рў накарда чашмак мезадем, шояд рақамҳоямонро талаб мекард. Ин суханро гуфту бо мушту лагат маро зада зада ба хона даровард. Сару рўм сиёҳу кабуд шуда буд. Бадии коро бинед, ки ҳамон шаб амакам ҳамроҳи падару модарам ба айёдатам омданд. Худатон фикр кунед, ки барои арўсак пешвози онҳо баромдан чиқадар мушкил аст. Модарам маро бо ин ҳол дида, зуд гиря кард. Ба ту чи шуд духтарам. Падарам ҳам оғўшам карда гиристанд. Хориям омаду гиряро сар додам. Ман дар ин хона рўзи хушро надидам. Маро ҳамроҳатон баред. Бигзор талоқамро диҳад гуфтаму падарам астағфириллоҳ гўй духтарам, ту чиҳо гуфта итодаӣ.
Шавҳарам аз хона берун набаромд, аниқ шарм дошт. Хушдомнам ҳам шармида, ба сухан даромад. Ҷавонон каме нофаҳми карданд, боз соз мегиранд. Биёед ба хона дароед. Дигар модарам ором намешуд. Духтари мо инҷо рўзи сиёҳро доштаасту мо бехабар. Шавҳарам баъди чанд лаҳза ба берун баромада, бо падару модарам салом кард ва бо сари хам дар назди ҳамаашон аз ман узр хост. Дўстонам ба ман дигархел фаҳмониданд, барои туро ранҷонидам узр мехоҳам. Бовар кунед, ғами дилам гумм шуд ва забони ширин доштанашро бори аввал шунида, ўро дар назди ҳамагон оғўш кардам. Яквақт ба ёдам расид, ки падарам садои сулфа кард ва шармида зуд дастонамро аз гардани шавҳарам гирифтам. Солҳо гузаштанд. Сабабаи бадмуомилагиии Амиро аз худаш пурсидам. Хандида гуфт. Ман бовари надоштам.ки ту бо ин хушрўгият ягон касро дўст надоштаӣ. Рўзи тўй бачаҳои ҳамдеҳаатон пеши роҳамонро гирифтанду дар дили ман нисбати ту фикрҳои ҳархела пайдо шуд. Фикр кардам, ки бо ягонтаи ў ишқварзӣ намудаӣ. Вақте чи гуна инсон буданатро дар зиндагӣ бо чашмони сарам дида, бовар кардам ки аз ту дида фариштае дар рўи дунё нест.
Гавҳар аз Пахтакорони ш. Турсунзода