Холиса Шоева, модареро, ки лаҳзаи задани кӯдакашро сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда буд, ҷазо доданд.
Тибқи ҳукме, ки рӯзи 20-уми июн Суди ноҳияи Данғара баровардааст, ин ба ин зан ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба муҳлати як солу ду моҳ зиндон таъин шудааст.
Ба иттилои як манбаъ, худи зан аз ин ҳукм розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдан мехоҳад, вале имкон надорад. «Ба киро кардани адвокат зӯрам намерасад. Ҳоло дар фикри ёфтани маблағи ҷарима ҳастам, то фарзандам азоби бемодарӣ накашад», - гуфтааст ӯ.
Навори задани кӯдаки дусола аз тарафи модараш моҳи апрели имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Ӯ он замон дар шарҳи навор гуфта буд, ки «вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам». Аммо Прокуратураи генералӣ дар як вокуниши худ изҳор дошт, ки Шоева бо мақсади интиқомгирӣ аз ҳамсари собиқаш Сайфиддин Алиев, фарзанди хурдсоли худро намоишкорона задааст.
Вай ҳамзамон гуфт, ин навор як навъ паём ба шавҳари собиқаш буд. “Кӯдакро задаму гуфтам, ки мезанам, ба ту фарқаш чӣ, дигар ин кӯдаки ту нест. Кӯдаки ман аст, модараш ҳастам ва ҳақ дорам, дар кадом ҳолате хоҳам барои тарбияаш мезанам. Фаҳмидӣ?!” – гуфта буд ӯ.
Сайфиддин Алиев ҳам гуфта буд, ки ин бори аввал нест аз ҳамсари собиқаш чунин паём мегирад ва дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ низ кӯдаки якунимсолаашро зуд шинохт. Ӯ гуфт, ба назди онҳое рафт, ки тифлро қонунӣ аз ӯ гирифта, ба ҳамсараш дода буданд.
“Ба шуъбаи ҳифзи кӯдакони шаҳри Гулистон рафта, навори задани кӯдакро нишон додам. Ваъда доданд, ки ин дафъа масъаларо ба Душанбе мерасонанд ва беҷавоб намегузоранд,” – нақл карда буд ӯ рӯзи 28-уми апрел зимни суҳбат бо расонаҳо.
Сайфиддин Алиев, ҳамсари собиқи Х. Шоева аз ҳукми суд розӣ аст. Онҳо чанд сол пеш издивоҷ кардаанд ва ин духтарчаи дусола ягона тифли онҳост, ки зери тарбияи модараш будааст. Зану шавҳар як сол пеш, баъди таваллуди фарзанд аз ҳам ҷудо шудаанд.