Аз Тоҷикистон ба шаҳри Бишкек хатсайрҳои ҳавоӣ кушода шуданд.
Парвози тайёраҳо дар масири Душанбе-Бишкек ва Хуҷанд-Бишкек аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 оғоз меёбад.
Паёми кушода шудани хатсайрҳои нави ҳавоиро аз Тоҷикистон ба Бишкек Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз имзои созишномаи дуҷониба расонида, изҳор доштанд, ки байни ноҳияҳои сарҳадии ду ҷумҳурӣ ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда мешаванд.