Formula novemver 2024
Аз Тоҷикистон ҳар рӯз 500 нафар шаҳрвандии Русия мегиранд?
718

 

 

Мақомоти расмии кишвари Россия шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки соли равон шаҳрвандии Федератсияи Россияро гирифтаанд, эълон кард. Аз ин омор бармеояд, ки ҳатто амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Украина ва вазъи кунунии Россия натавонистааст мавҷи талабгорони гирифтани шаҳрвандии Россияро аз Тоҷикистон кам кунад. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар давоми нуҳ моҳи соли 2022-юм 119 ҳазору 605 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабулк ардаанд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 нафар ва ҳар се моҳ 45,5 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Россияро ба даст меоранд. 

“Теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст”,- менависад ин манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст оварда, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 288 зодаи Тоҷикистон шиносномаи Росмегирифтанд.хфтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД