Sebiston new 2024 october
Аз «шикор»-и муҳоҷирон Россия зарар мебинад
2134

Давоми 2-3 ҳафтаи охир муносибат нисбат ба тоҷикон дар Россия якбора сард гашта, на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки ҳатто донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин кишвар таҳсил мекунанд, таҳти фишор ва зӯроварӣ қарор гирифтанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои лату кӯби донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба миён оварданд. Дар робита бо ин масъала мо хостем назари коршиносонро бидонем.

Анвар Бобоев, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия шарикони стратегӣ мебошанд, бинобар ин, ҳукумати Россия набояд нисбати чунин амалҳои зӯроворона нисбат ба тоҷикон дар қаламрави кишвараш бепарвоӣ зоҳир намояд.

Таҳқир, лату кӯб ва озору шиканҷаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар қаламрави Россия на танҳо ҷиноят ва хушунату зӯроварӣ нисбат ба ҷабрдидагони чунин амалҳо, балки таҳқири ошкорои миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, паёмадҳои зиёде ба бор оварда метавонад. Аз чунин бархӯрд ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик на танҳо тоҷикон, балки пеш аз ҳама худи Россия зарар мебинад.

Чаро? Айни замон дар давлатҳои Аврупо норасоии шадиди қувваи корӣ эҳсос мешавад. Табиист, ки кишварҳои аврупоӣ барои ҷалби қувваи корӣ ба мамлакати худ иқдомҳои махсусро роҳандозӣ намуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ шароити беҳтари кориро пешкаш хоҳанд кард. Имрӯз дар ҳудуди Федератсияи Россия қариб як миллион муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кору фаъолият менамоянд. Дар сурати идома ёфтани зӯроварӣ ва таҳқир нисбат ба муҳоҷирон дар қаламравӣ Россия муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд аз Русия даст кашида, рӯ ба дигар кишварҳо биёранд. Албатта ин ба вазъи иқтисодии Россия, ки ҳолати бӯҳрониро аз сар гузаронида истодааст, бе таъсир нахоҳад монд. Аз ҳамин хотир, ҳукумати Россия бояд ин масъаларо хеле ҷиддӣ гирифта, гунаҳкоронро ҳатман пайдо намояд ва ба ҷавобгарӣ бикашад.

Шахсан ман ҳамчун як коршиноси самти муҳоҷират ин масъаларо ҳатман дар ҷаласа ва чорабиниҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷират ва муҳоҷирон алоқамандӣ доранд, мебардорам. Боварӣ дорам, ки масъулини мақомотҳои марбутаи Тоҷикистон ва Россия ин масъаларо дар якҷоягӣ ҳал хоҳанд кард.

Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар робита бо фишору зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Россия гуфт:

-Дар ҳақиқат наворҳое, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштанд, дар ҷомеа сару садоҳои хеле зиёдро ба бор овардаанд. Худи муҳоҷирон мегӯянд, ҳадаф аз лату кӯб ва фишору зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Россия маҷбуран ҷалб кардани онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар мебошад. Агар дар ҳақиқат чунин бошад, пас ин амали ғайриқонунӣ аст.

Ҳеҷ кишвар ҳуқуқ надорад, ки шаҳрвандони давлати дигарро бо роҳи зӯроварӣ, фишор ва усулҳои дигари маҷбурсозӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи худ ҷалб намояд. Фаразан, агар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия қонуншиканӣ карда бошанд ҳам, нисбати онҳо бояд чораҳои қонунунӣ андешида мешуданд, на таҳқир, лату кӯб ва зӯроварӣ. Федератсияи Россия ҳамчун давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои бехатарии муҳоҷирон масъул аст ва бояд барои онҳо шароитҳои хуби кор ва зиндагиро фароҳам оварад. Чунин ҳодисаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ба обрӯи Федератсияи Россия латма мезананд, бинобар ин, ҳукумати ин кишвар бояд ҳатман гунаҳкоронро пайдо карда, ҷазо диҳад ва кӯшиш намояд, ки минбаъд пеши роҳи чунин ҳодисаҳои номатлубро бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД