Gazrpom april 2025
Аз шавҳарам миннатдорам...
807

Марги модар барои ҳамаи инсонҳо лаҳзаи дардноктарин аст. Аммо ба назари ман, марги модарам охири ҳаёти худам ҳам менамуд.

Вақте хабари марги модарро шунидам, гумон кардам, ки осмон ба сарам чаппа шуд. Чун ӯро мардум ба қабристон бурданд, гумон кардам маро ҳамроҳашон мебурданд, боз ҳам бароям осонтар менамуд, зеро модарам барои ман инсони заминӣ набуд, балки отифае буд, ки ӯро Худованд ҳамчун тӯҳфа равонам кардааст. Пас аз марги нобаҳангоми ӯ, ки аз саратони ҷигар рух дод, дигар дар назарам на шавҳар менамуду на ягона фарзандам. Мехостам гӯям, ки ба ман шумоён не, модарам даркор, аммо гуфта наметавонистам.

Инак, пас аз марги модарам қариб ду моҳ гузашт, ва ман ба оҳистагӣ ба худ омада истодаам. Барои паси сар кардани оқибатҳои ин мусибат пеш аз ҳама, ман аз шавҳарам - Қобилҷон миннатдорам, ки ӯ дар ин муддат маро танҳо нагузошт, ва ҳамеша дастгирам буд. Худаш бошад, ба назарам аз ман ҳам ғамзадатар менамуд ва дар муддате, ки ман саргардони марги модар будам, писарчаи яксолаамонро саробонӣ мекард. Шавҳарам доим таъкид мекард, - “Зулайхо, зиқ нашав, мурдани падару модар ба ҳама мерос аст, ва аз ин ҷойи гурез нест...” Дар аввал ин суханони ӯро ҳамчун як насиҳати мардони пир гумон мекардам, аммо дар танҳоӣ андеша кардам, ки ӯ дуруст мегӯяд.

Агар падару модар ҷовидонӣ мешуданд, пас, ҳоло момою бобоҳоямон дар ҳиёт мебуданд ва марг ҳам домани онҳоро намегирифт. Вале як чиз аламовар аст, ки дар рӯзҳо аввали марги наздикон ҳоло як қисмати одамон дар назди шахсе, ки як наздики худро аз даст додааст, бо садои баланд механданд, ва ё корҳое мекунанд, ки ба шахси азодор хуш намеояд.

Барои ҳамин, аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки худро дар чунин ҳолатҳо ба даст гиранд ва дар назди шахсони ғамзада кореро, ки дар ҳамон ҳолат ба вай намефорад, анҷом надиҳанд.

Ин аст, ба назари ман рафтори инсонӣ...

Зулайхо САИДОВА, н. Носири Хисрав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД