Аз шаҳрвандон дархост шуд, ки аз 8 то 12-уми октябр бо нақлиёти шахсӣ сафар накунанд
07.10.2025
Oila.tj
163

Шаҳрдории пойтахт ва милитсияи он аз шаҳрвандони кишвар, махсусан ронандагон ва сокинони шаҳри Душанбе хостаанд, ки аз 8 то 12-уми октябри соли равон бо нақлиёти шахсӣ сафар накунанд.

Ин ниҳодҳо гуфтаанд, ки дари ин рӯзҳо дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мегарданд ва омадани меҳмонони зиёд дар назар дошта шудааст.

“Аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинону меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки рӯзҳои зикршуда ба ҳарчи камтар кардани ҳаракат дар роҳҳои протоколӣ, яъне хатсайри рафтуомади меҳмонон эътибор диҳанд”,- гуфтаанд ин ниҳодҳо.

Ёдовар мешавем, ки 9-10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе саммити “Осиёи Марказӣ - Русия” ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД