Самарқанду Бухоро гаҳвораи тамаддуни тоҷикон ба шумор мераванд ва албатта ҳар як тоҷик дар дил орзуи дидани ин шаҳрҳои бостониро дар дил мепарварад. Акнун шумо имкон доред, ки ба ин шаҳрҳои зебо тавассути автобус сафар намоед.
Тавре ки Вазорати нақлиёти кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон хабар додааст, аз шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави автобус кушода мешавад. Тибқи нақша автобусҳо аз Самарқанд ва Бухоро ба пойтахти кишвари мо, шаҳри Душанбе ҳаракат хоҳанд кард.
Байни Саманқанд-Душанбе як хатсайр ва байни Бухоро-Душанбе хатсайри дигар кушода шуда, мусофирон метавонанд бо автобусҳои замонавӣ ба ин шаҳрҳои бостонӣ сафар намоянд.