arzon replenishment
Аз рӯйи духтар бо ҷӯраи ҷониам душман шудем
1503

Ману Ҷовид дӯстони ҷонием. Зулола ном духтараки зебоеро дӯст медоштам. Ҷӯраам ба ишқу ошиқии мо ҳавас бурда, хоҳиш кард, ки ягон дугонаи Зулоларо ба вай шинос кунам.

Духтари тағои маҳбубаам Зулола-Адибаро ба Ҷовид муносиб дониста, ошно намудем. Онҳо бо як нигоҳ якдигарро писандида дар чанд рӯз Лайливу Маҷнун шуданд. Соли дуюми шиносоиямон ман Зулоларо бо як ҷавони дигар дида аз ӯ даст кашидам. Зориву илтиҷо кард, ки гуноҳашро бубахшам, вале ман даюсиро ба гардан нагирифта аз ӯ рӯй тофтам. Зулолаи замоне азизам пас аз ин душмани ҷонам шуд.

Ҷовид бехабар аз найрангҳои Зулолаи маккора ба хонаи Адиба хостгор фиристоду онҳо фотиҳа шуданд, вале як моҳ нагузашта хонаводаи духтар фотиҳаро гардонданд. Ба ҷӯраам гуфтаанд, ки ту як бангии авбош будаӣ, сиру асроратро ҷӯраат Шаҳбоз фош кард. Мо духтари дар кӯча мондагӣ надорем, ки ба ту барин бангӣ диҳем!» Ҷовид ин гапро рост пиндошта бо ман даст ба гиребон шуд ва дашномҳои болохонадор дода, чанд мушти обдор ҳам фаровард.

Сабаб пурсам, гуфт, ки аз рӯйи ту шуда фотиҳаи ману арӯсамро гардонданд. Хун ба сарам заду дарҳол ба Зулола занг задам. Гӯшакро бардошта дод зад: «Ҳа пирхар, чӣ мехоҳӣ?!» ҳақоратборонаш карда пурсидам, ки кай ман ҷӯраам Ҷовидро авбошу бангӣ гуфтаам.

Зулола қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт: «Инаш аввали кор аст, ҳоло ист, ман шуморо чунон душман созам, ки сояи якдигарро аз девор тарошед!» Аз ғазаб телефонро зада шикастам. Чандин бор кӯшиш кардам, ки ин макри Зулоларо ба Ҷовид фаҳмонам, вале ҷӯраам маро ҳатто дидан намехоҳад. Ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Шаҳбоз, аз ноҳияи Сино

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Никра 2023-06-14, 17:23
Занаксифат буден неки. Бо номтон мард
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Никра 2023-06-14, 17:23
Занаксифат буден неки. Бо номтон мард
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД