Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр" тасмим гирифтааст, ки парвозҳоро дар масири Душанбе - Рашт - Душанбе оғоз намояд.
Дар ин бора ширкат дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, навиштааст, ки нархи чипта 350 сомонӣ муайян шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, аввалин парвоз 7-уми феврал хоҳад буд. Парвоз аз Душанбе ба Рашт соати 13:00 ва аз Рашт ба Душанбе соати 14:05 оғоз меёбад.
Тавре манбаъ навиштааст, парвозҳо ҳафтае се маротиба - рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст.
Чанде пеш Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар нишасти Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки соли ҷорӣ ин ширкат парвозҳои дохилии нав аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахшро роҳандозӣ мекунад.
"Тоҷик Эйр" пас аз танаффуси тӯлонӣ моҳи сентябри соли гузашта аз роҳандозии дигарбораи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе хабар дод. Моҳи январи соли равон ин ширкат парвоз дар масири Кӯлоб ва Панҷакентро низ оғоз кард.