Arzon admin
Аз озмун барои ишғоли ҷойи кор нагузаштам. Ҳуҷҷатҳоямро бармегардонанд?
02.09.2024
ОИЛА.ТҶ
485

Ман ба озмуни ҷойҳои кории холӣ барои ишғоли вазифаи мутахассиси пешбар дар яке аз вазоратҳо ҳуҷҷат супоридам. Рӯзи имтиҳон барои надонистани забони хориҷӣ маро аз озмун нагузарониданд, вале ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаамро барнагардониданд. Вақте ҳуҷҷатҳоро пурсидам, масъули комиссияи озмун гуфт, ки онҳо минбаъд дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд? Оё ман барои иштирок дар ҳар як озмун ба таври алоҳида бояд ҳуҷҷат ҷамъоварӣ кунам?

Рустами АКМАЛҶОН, ш. Душанбе

- Дар асоси Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ шумо метавонед ба раиси комиссияи озмун муроҷиат намоед. Дар давоми 10 шабонарӯз ҳуҷҷатҳои шумо баргардонида мешаванд.

Тибқи талаботи Низомнома ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки ба суҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо мумкин аст дар давоми 3 соли баъди ҷамъбасти озмун дар воҳиди сохтории кадрии мақоми давлатӣ нигоҳ дошта шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД