arzon replenishment
Аз овоза то ҳақиқати душмании ду сарояндаи машҳур
1160

Ҳунарманди маъруфи тоҷик Хуршед Шокир чанд рӯз қабл дар як мусоҳибааш асрори душманӣ ва гӯё аз рашку ҳасуд ба Рустами Сарбандӣ сурб доданашро шарҳ дод.

Хуршеди Шокир гуфт, овозаҳо дар бораи оне, ки вай қасдан ба Рустам сурб додааст, то ки дигар дар саҳна ҳунарнамоӣ карда натавонад, ягон асос надоранд.

Ба зикри ин сарояндаи машҳур, дар нест шудани садои овозхон Рустами Сарбандӣ ӯ гуноҳ надорад ва рақобати эҷодӣ низ ба ин масъала ягон рабт надорад.

Ин овозхони шинохтаи тоҷик шарҳ дод, ки ҳанӯз солҳои 2004-2005 Рустам ба Дубай сафарҳои зиёде дошт ва ҳар боре, ки ба ин макон мерафт, аз сабаби гарм будани ҳаво бештар оби хунук менӯшид. Ин буд, ки садояш якбора ғафс шуд ва оҳиста – оҳиста тамоман нест шуд.

“Ба ман ҳам доим мегӯянд, ки ту ба Рустам сурб додаӣ, аммо, ман магар девонаам? Охир, ман акааш мешавам. Рустамро “братишка” мегуфтам. Якҷоя зиёд кор кардем. Дар бахши фарҳанги шаҳри Сарбанд фаъолият доштем. Ҳозир писараш ҳамроҳамон кор мекунад”, - гуфт ин ҳунарманди машҳур.

Дар посух ба саволи "Рустам ҳоло куҷост ва ба чӣ корҳо банд аст?", сароянда гуфт, рафиқаш дар Федератсияи Русия аст ва санъаташро давом дода истодааст. Акнун Рустам ҳамчун навозанда бо сарояндаҳо ба базму хурсандиҳо меравад...

Сипас, Хуршеди Шокир пардохт ба тавсифи маҳорати Рустам, ки аккордеонро хуб менавозад, аммо дигар садои хуб надорад ва бо хондани як сурудаш овозаш мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Маҳмадов, маъруф ба Рустами Сарбандӣ, ки солҳо дар Қасри фарҳанг ва ҳунари шаҳри Сарбанд кор мекард, чанд сол боз рӯи саҳна нест.

Ӯ қариб 50-сол дошта, аз овозхонони саршиноси тоҷик маҳсуб меёбад ва дар бештари тӯю хурсандии сокинони Тоҷикистон ширкат мекард.

Таронаҳои "Эй сарвиноз", "Дар таҳаки бед", "Тарки ёрӣ", "Тоҷикистон" ва чандин таронаи дигари Рустами Сарбандӣ аз сӯи мухлисони гарм пазируфта шудаанд. Ӯ панҷ фарзанд дорад ва аз ин миён танҳо як писараш касби падарро интихоб кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД