Мардуми Истаравшанро "халқи ошхӯр" меноманд. Аз ин рӯ шумораи ошхона ва чойхонаҳое, ки танҳо ош мепазанд, дар ин ҷо хеле зиëд аст.
Миëни мардони истаравшанӣ анъанае ҳаст, ки дар як рӯзи муайян рафиқон ҷамъ мешаванд ва яке аз онҳо ҳамагиро бо ош зиëфат медиҳад. Ин анъанаро "гап" меноманд. Эҳтимол сабаб дар он бошад, ки бо баҳонаи зиёфат мардони истаравшанӣ дар як ҷо ҷамъ шуда, бо ҳамдигар дарди дил ва гап-гап мекунанд.
Мутаассифона, торафт қиммат шудани нархи маҳсулоти ошӣ дар Истаравшан сафи ошхӯрҳоро рӯз то рӯз камтар месозад. МардумиИстаравшани бостонӣ низ мисли сокинони дигар шаҳру навоҳии мамлакатамон аз боло рафтани нарху наво ба ташвиш афтода, изҳори норозигӣ менамоянд, тайи ҳафтаҳои охир бошад, якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нархи сабзӣ ва гӯшт нигаронии харидоронро боз ҳам бештар намуд. Дар байни мардум овозае ҳаст, ки ду-се рӯз пеш нархи гӯшт дар бозори марказии Истаравшан то ба сад сомонӣ расида буд, зеро дар дӯконҳо гӯшт қариб, ки дида намешуд.
Барои муайян кардани ҳақиқат доштан ё надоштани ин овоза мо ба савдогарони дӯконҳои гӯштфурӯшӣ муроҷиат намудем. Савдогарон ин овозаро "паникаи навбатии мардум” номиданд, вале сокинони шаҳр мегӯянд, дар ҳақиқат қимати гӯшт боло рафта буд. Яке аз ошпазҳои куҳансоли ин шаҳри бостонӣ Ғайбулло Отамуродов мегӯяд:
"Ду-се рӯз пеш нархи гӯшт сад сомонӣ шуд. Дар баъзе дӯконҳо аз ин ҳам зиëдтар. Ҳолатҳое ҳам шуданд, ки дар бозор гӯшт хеле камчин ва анқариб набуд."
Ба гуфти ошпази машҳур Ғайбуллоамак, баъди қимат шудани нархи маҳсулти ошӣ сафи ошхӯрҳо хеле кам шудааст, масалан "агар дар гузашта оши 30 кило биринҷ дарҳол тамом шавад имрӯз оши 15 кило биринҷ базӯр меравад."
Имрӯз дар Истаравшан нархи як кило сабзӣ 8 сомонӣ, картошка 3 с 50 дирам, пиëз 1 сомон, гӯшт 70 сомон, равғани растанӣ (Олейна) 23с 50дирам, биринҷ 8-10 сомонро ташкил медиҳад.