goodwell
Аз омодагӣ ба зимистонгузаронии хонандагон то боғчаҳои нави бачагона дар ноҳияи Рӯдакӣ
98

Омодагӣ ба фасли зимистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад. Аллакай 60%-и мактабҳои ноҳия бо ангишт ва маводи сӯзишворӣ таъмин карда шудаанд, то хонандагон дар фасли зимистон бароҳат дарс хонда тавонанд.

Дар ин бора раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода Нусратулло Файзулло зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт: “Корҳои ободонию созандагӣ низ босуръат идома дошта, таваҷҷуҳи бештар ба иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ дода мешавад. Айни замон дар ноҳия 18 муассисаи томактабӣ амал мекунанд ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳия боз 3 кӯдакистони нави замонавӣ дарҳои худро боз хоҳанд кард”.

Тавре сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Бегиҷон Зарипов зимни суҳбат бо мо гуфт, дар назди муассисаҳои таълимӣ 129 Маркази инкишофи кӯдакон ташкил карда шуда, ба наздикӣ боз 4 маркази нав ба фаъолият оғоз менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД