Бо Комила ном духтари варзишгар тавассути «Одноклассники» шинос шуда, оҳиста-оҳиста риштаи ишқу ошиқӣ бастем. Ман дар Русия кор мекардаму Комила дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил мекард, вале дурии роҳ монеи мулоқотҳои ширини ошиқонаи мо намегашт.
Қариб ҳар рӯз тавассути интернет гап мезадем. Аксҳои Комиларо дида ошиқи шайдояш гашта будам, аз ҳамин хотир вақте падарам пурсид, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дорам ё не, дарҳол суроғаи хонаи Комиларо додам. Аслу насаби арӯси интихобкардаамро надонам ҳам, боварӣ доштам, ки ишқи интернетӣ ба ман бахт меорад, аз ҳамин хотир волидонамро ба хостгорӣ фиристодам. Ҳафтаи дигар севанчӣ гирифтанд, ки тарафи арӯс розигӣ додаанд. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Пулҳои бо азоби алим ҷамъкардаамро ба хона фиристодам, то ҷиҳози арӯсии Комиларо бихаранд.
Ба Ватан чанд рӯз пеш аз тӯй баргашта, ба мулоқоти арӯсшавандаам шитофтам, вале баробари дидани Комила санг аз бағалам афтид. Вай ба он духтаре, ки ман дар аксҳо дида будам, тамоман монандӣ надошт. Арӯсам ягон зарра назокату латофати занона надошта бошад ҳам, ночор ба тақдир тан додам, зеро Комиларо худам интихоб карда будам ва дигар фотиҳаро гардонда наметавонистам. Рӯзи тӯй ҳама ҷӯраҳоям ба ҳолам хандида мегуфтанд:
«Очаи духтарзой мурда буд, ки ҳамин мардаксуратро ба занӣ гирифтӣ?!» Ин гапҳо ба дилам намак мепошиданд, вале кор аз кор гузашта, дигар роҳи бозгашт набуд. Бадрӯияш як ғаму нописандии занам ғами дигари ман аст.
Комила бо зӯриаш фахр карда, маро ягон зарра писанд намекунад. Ин корро кун, он корро кун гӯён, рӯзи дароз амру фармон медиҳад, гӯё ман зан бошаму вай шавҳар. Тоқатам тоқ шуду рӯзе ӯро як шаппотӣ задам, занам ба ғазаб омада ба баногӯшам чунон муште кӯфт, ки қариб ҷоғам шикаста буд. Муштҳояш аз оҳан ҳам сахтанд, гӯё дасти зан нею панҷаи бало бошад. Аз кори кардаам сахт пушаймонам. Намедонам сарамро кадом гов ҷиқида буд, ки ин балобарзангиро ба занӣ гирифта, ҷонамро дар азоб мондам.
Дилам мехоҳад аз дасти зани бад сарамро гирифта ба Русия раваму дигар ёди хонаву дар ва Ватан накунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо ин духтари мардбашараи муштзӯр чӣ кор кунам?
Ёқуб, хонандаи «Оила».