Шумо ба наздикӣ ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳед? Оё медонед, ки аз моҳи июл тартиби ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия комилан дигар мешавад?
Ба шахсоне, ки аз ин қоида огоҳ нестанд ва онро риоя намекунанд, дар фурудгоҳҳо ва нуқтаҳои сарҳадии ин кишвар барои ба қаламрави Русия ворид шудан иҷозат намедиҳанд. Аз ҳамин хотир бо мақсади кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва пешгирии ихроҷи онҳо аз ин кишвар мо дар бораи қоидаҳои нави сафар ба Федератсияи Россия маълумот медиҳем.
Муҳоҷирон бояд бидонанд!
Шуруъ аз 30-юми июни соли 2025 тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки бо воситаи фурудгоҳҳои ҳавоии Шереметова, Дамадедова, Внукова ва Жуковский ва ё бо мошин тариқи гузаргоҳи Маштаковаи Оренбург ба қаламрави Русия ворид мешаванд ё аз сарҳади Русия мебароянд, бояд ҳатман аз санҷиши биометрӣ гузаранд. Дар ин нуқтаҳои сарҳадӣ акс ва изи ангуштони ҳар як шаҳрванди хориҷӣ гирифта мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки бо мақсади кор кардан ба Россия рафтаниянд, бояд:
1. Тариқи телефон дар замимаи мобилии «Госуслуги RuID» худро ба қайд бигиранд ва утоқи шахсӣ, яъне личный кабинет кушоянд.
2. Акси худ ва маълумотҳои шахсиашонро ворид созанд
3. На дертар аз 72 соат пеш аз сафар аризаи электрониро пур карда, мақсади сафар ва мӯҳлати дар Русия монданӣ худро дар он ҳатман нишон диҳанд. Дар ҳолатҳои фавқуллода мӯҳлати фиристодани аризаи электронӣ то 4 соат кам карда мешавад.
4. Ба ҷойи кӯдакони ноболиғ аризаро бояд волидонашон пур кунанд.
Агар шумо манъи сафар дошта бошед...
Мӯҳлати амали аризаи электронӣ 90 рӯз буда, тариқи утоқи шахсӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ хабарнома дар бораи вурудашон фиристода мешавад. Агар вуруди шумо ба Русия манъ шуда бошад, тариқи утоқи шахсӣ шуморо огоҳ мекунанд.
Утоқи шахсӣ кушоданро фаромӯш накунед!
Барои тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки баъди 30 июни соли 2025 бидуни раводид ба Россия ворид мешаванд, иҷрои уҳдадориҳои дар боло зикршуда ва кушодани утоқи шахсӣ ҳатмӣ мебошад. Шахсоне, ки ба ин қоидаҳо риоя намекунанд, ба Русия роҳ дода намешаванд.
Намехоҳед, ки шуморо аз фурудгоҳ баргардонанд?
Қоидаҳои нави вуруд ба Русия муддати як сол, яъне то 30 июни соли 2026 амал хоҳанд кард, бинобар ин, агар шумо охирҳои моҳи июн ё пас аз ин сана ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанӣ бошед ё бо мақсади табобат, таҳсил ё меҳмонӣ ба ин кишвар сафар кунед, ҳатман дар замимаи мобилии «Госуслуги RuID» худро ба қайд бигиред, утоқи шахсӣ, яъне личный кабинет кушоед ва 72 соат пеш аз сафар аризаи электрониро пур карда, дар он мақсади сафар ва муҳлати дар Русия мондани худро қайд кунед, то ки шуморо аз сарҳад барнагардонанд.
Ба шумо сафари бехатар хоҳонем!