Formula july 2024
Аз медали тилло то қувваозмоӣ бо “Шоҳи ҷудои ҷаҳон”
655

Темур Раҳимов яке аз машҳуртарин паҳлавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали тилло дар мусобиқаи “Judo Grand Slam Baku-2022” мебошад. Солҳои охир Темур боз дар чандин мусобиқоти дигари дохиливу хориҷӣ соҳиби медалҳои гуногун шудааст.

Ин паҳлавони ҷавон 8-уми июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз синни шашсолагӣ зери роҳбарии бобояш Рустам Абдураҳмонов тамринро шуруъ кардааст. Маҳз бобояш дар ташаккули варзишии каҳрамони мо саҳми калон гузоштааст.

Соли 2019 дар Чемпионати Осиё, ки дар Фуҷайра баргузор гардид, ғолиби медали нуқра гашт. Барандаи медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба дзю-до дар Бишкек ва сазовори ҷойи сеюм дар мубосиқаи байналмилалии Гранд Слам гардид. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ширкат карда, дар маросими ифтитоҳи он барандаи стандарти даста буд.

Ҳамин тавр, соли 2022 Темур Раҳимов дар мусобиқаи Baku Grand Slam дар вазни 100 кг иштирок карда, бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ барандаи медали тилло гашт.

Дар соли 2023 Темур Раҳимов барои саҳми босазо дар рушди варзиши дзюдо ва ишғол кардани ҷойгоҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба феҳристи “100 шахсияти барҷастаи кишвар” шомил шудааст.

Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи байналмиллалии Dushanbe Grand Slam-2024, ки рӯзҳои 3-5-уми май дар пойтахти кишвар баргузор шуд, ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар вазни ҷамъи 100 кило дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм Давит Кевлишвилии испаниро шикаст дод. Дар даври сеюм Раҳимов бо имтиёзи иппон Иброҳим Татароглуи туркро мағлуб карда, дар даври нимниҳоӣ бо се шидо Магомедомар Магомедомаров аз АМА-ро шикаст дод ва ба финал баромад. Дар финал Темурро “Шоҳи ҷудои ҷаҳон” - Тедди Риннери фаронсавӣ мунтазир буд, ки дар роҳ ба финал ҳама рақибонро бо имиёзи иппон ноком карда буд. Рақобати Темур ва Тедди ҳам сахту сангин ҷараён гирифт ва бо имтиёзи иппони ҷудокори фаронсавӣ анҷом ёфт. Риннер тиллои 11-умашро дар мусобиқаҳои Гранд Слам ва Темур бошад, сеюмин медали нуқраашро дар ин мусобиқа ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД