Sebiston new 2024 october
АЗ МАЮБ ҶУДО ШАВАМ?
4658

 

Саломи пур аз меҳру нишот нисори хонандагони «Оила». Номамро махфӣ медорам, зеро масъалае, ки ман барои ҳаллаш ба ҳафтанома муроҷиат карда истодаам, ниҳоят нозуку ҳасос аст.

Тариқи телефон бо ҷавоне шинос шудам. Аз суҳбатҳои ҷавон, ки Довуд ном дорад, қалби пок доштанаш аён буд. Лутфи ширинаш маро ошиқи шайдои ӯ гардонд, ҳарчанд ягон бор ӯро надида будам. Вохӯрӣ таъйин кардам. Меоям гуфт, вале наомад. Зангаш задам, телефонро набардошт. Ду рўз аз байн гузашт, мисли девонаҳо орому қарорамро аз даст дода боз ба Довуд телефон кардам. Ин дафъа гӯширо бардошт. Салому алейкро нася гузошта, ҷанҷол кардам, ки чаро рўзи вохўрӣ наомад. Хомўш буд. Ба сараш дод задам, ки ман барои ту бозича нестам, ки маро бозӣ доронӣ. Садои гиряаш ба гўшам расид. Узр хоста сабаби гиряашро пурсон шудам. Медонед Довуд чӣ гуфт? Суханеро ба забон овард, ки маро бе корд кушт. «Мебахшӣ, ман фалаҷ ҳастам. Пойи равон надорам, барои ҳамин омада натавонистам» гуфт. Дилам ба ҳолаш сўхт ва ман ҳам баробараш гиристам.

Хулоса, Довуд зориву илтиҷол намуд, ки ӯро дар нимароҳ напартоям. «Хостгор мефиристам, розӣ шав» гуфта, ҳар рӯз ҷонамро ба лабам оварда истодааст, вале магар ман метавонам бо марде, ки фалаҷ аст, издивоҷ намоям? Наметавонам ба Довуд ошкоро бигўям, ки мо бо ҳамдигар мувофиқ нестем, чунки дилашро шикастан намнехоҳам. Дар гирдоби андешаҳо дармондаам, агар ўро шавҳар интихоб кунам, оянда ба ман шавҳарӣ карда наметавонад. Дар баробари ин, сахт метарсам, ки касалии табобатнашавандааш ба фарзандонамон мегузарад, агар оиладор шавем. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки дили Довудро наранҷонида, аз ӯ ҷудо шавам? Мегӯянд, ки дуои одами маъюб мегирад, намехоҳам дуои Довуд маро бигираду як умр бадбахт шавам!

Нигораи Шаҳринавӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД