Arzon march 2024
Аз хонаи Раҳмон Набиев як миллион “хлопушка” ёфтанд
862


“Дар Хистеварз барои “Хлопушка” 72 ҳазор сомонӣ пул додам ва мақсад доштам, ки онро дар Душанбе бо нархи 150 ҳазор сомонӣ фурӯхта , фоида ба даст биорам”, гуфтааст Раҳмон Набиев.

Дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз мусодираи беш аз як миллион “хлопушка”аз хонаи Раҳмон Набиевро дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Раҳмон Набиев дар ин гузориш эътироф мекунад, ки 36 қуттӣ маводи тарфгариро аз шаҳраки Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров харида, бо ду мошин, аз ҷумла бо мошини шахсиаш, тамғаи “Киа”, рақами қайди давлатиаш 55 55 АР 02, барои фурӯш ба Душанбе овардааст ва дар як хонае, ки дар маҳаллаи Зарафшон ба иҷора гирифта буд, ҷо ба ҷо кардааст.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе гуфт, аз хонаи Раҳмон Набиев ба миқдори махсусан калон, яъне як миллиону ду ҳазору ду саду чил дона (1 2000 240) маводи тарфгарӣ ёфт ва мусодира шуда, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 199, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ба дастгиршуда бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи то 32 ҳазор сомонӣ ё аз як то ду сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД