Бо сад сӯзу гудоз қалам ба даст гирифтам, то дарди диламро ба таври кӯтоҳ бошад ҳам, ба хонандагони ҳафтаномаи бигӯям. Модарамро ёд надорам.
Мегӯянд, ки вай маро дар хона таваллуд карда, аз хунравии зиёд сари фарзанд рафтааст. Маро бибиам калон карда, дар синни 18-солагӣ ба писари аммаам ба шавҳар доданд. Фикр мекардам, ки аммаам ҳамчун модар роҳу равиши зиндагиро ба мани ҳанӯз ҷавону хом оҳиста-оҳиста ёд медиҳад, вале хато кардам.
Намедонам аз кадом сабаб бошад, вай маро чашми дидан надорад. Дар ҳар корам албатта ягон айб ёфта, таъна мезанад, ки агар ту модар медоштӣ, ин хел намешудӣ. Азобҳои медодаи амма-хушдоманам аз як тарафу дашному ҳақоратҳои болохонадори шавҳарам аз сӯйи дигар ҷонамро ба лабам расонида, маро аз зиндагӣ дилсард намуданд.
Чанд бор қасди худкушӣ кардам, вале аз фардои қиёмат ва оташи дӯзах тарсида аз роҳам гаштам. Мехоҳам ягон рӯз дар набудани хушдоманаму шавҳарам аз хона гурезам ва ба ягон ҷое равам, ки касе маро нашиносад, то ки ному нишонамро наёбанд.
Аз шумо, хонандагони азизи “Оила” хоҳиш мекунам, ки ба мани дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайронмондаи раҳгумзада маслиҳат диҳед!
Анора, аз н. Балхӣ.