Ману шавҳарам фарзанди сеюмамонро интизорем. Мардакам чанд моҳ пеш маро бо ду кӯдак танҳо гузошта ба Русия коркунӣ рафта буд ва то ҳол даракаш нест. Айни замон тифли батнам нуҳмоҳа шудааст ва ҳамин шабу рӯзҳо бод таваллуд кунам.
Пойҳоям варам кардаанд, тамоман қуввату мадор надорам. Касе нест, ки дар нигоҳубини фарзандонам ба ман ёрӣ расонад. Болои ин хешу табори шавҳарам тез-тез ба меҳмонӣ меоянд ва ҳафтаҳо дар хонаи мо мемонанд. Пештар онҳоро бо ҷону дил меҳмондорӣ мекардам, вале акнун вазни худамро базӯр мебардораму рӯзи дароз барои хешовандони мардакам хизматгорӣ кардан бароям душворӣ мекунад. Базӯр хӯрок мепазаму ҷойгаҳи хобашонро партофта меғундорам. Онҳо чунон холабеғам ҳастанд, ки ҳатто либосҳояшонро худашон нашуста, дарди сари мани ҳомиладор мекунанд. Як бор андеша намекунанд, ки ҳамин занак дуҷон аст, азоб мекашад, гӯё ман ғуломи ҳалқабаргӯшашон бошам: «янга, ҳамин шиму куртаҳои маро шӯед» гӯён, як ғарам либосро пешам партофта, баҳузур дар назди телевизор по дароз мекунанд. Бовар кунед, вақти либосшӯйӣ баъзан аз зӯрии дард гиря мекунам. Хешу табори шавҳарам гӯё ақл надошта бошанд ё шиками дамидаи маро намедида бошанд, пайи ҳам меоянду мераванд, гӯё хонаи мо меҳмонсарой бошад. Чанд маротиба ба шавҳарам занг зада, вазъиятро фаҳмондам, ваъда дод, ки ба модараш занг мезанад ва хоҳиш мекунад, ягон ҷиянашро барои кӯмак расонидан ба ман фиристад, вале зоиданам наздик шуда истодаасту аз ёрдамчӣ ҳанӯз дарак нест. Аламам меояд, хешу табори шавҳарам дар тайёр хӯрдан ҳамто надоранд, вале вақте ёрӣ мепурсӣ, дами ҳамаашон ба дарун мезанад. Дигар тобу тоқати чунин зиндагиро надорам. Медонам, ки газетаи шуморо дар Русия ҳам мехонанд ва шавҳари ман низ мухлиси «Оила» аст. Барои ҳамин ба шумо муроҷиат намудам, то ба шавҳарам бирасонед, ки зудтар ба хона баргардад ё касеро ба ёрии ман фиристад, вагарна кӯдаконамро гирифта ба хонаи модарам меравам!
Шавҳари Омина: Бароят мошинаи ҷомашӯйӣ мехарам, занак!
Ростӣ, занги телефонии кормандони сомонаи шумо маро хеле хавотир кард. Мо, муҳоҷирон ҷонамонро дар кафи даст гирифта дар мулки бегона мегардем, мабодо ягон рақами ношинос занг занад, дарҳол ба ташвиш меафтем, ки чӣ гап бошад. Ба Русия омаданамро нав се-чор моҳ шуд, аллакай ҳамсарам ба шумоён шикоят кардааст? Занаки беақл, магар фикр намекунад, ки ман аз мастӣ не, ба хотири ваю фарзандонаш ба ин ҷо омадаам. Ду моҳ бекор монда, хона ба хона кор кофтаму базӯр дар ҳавлии як марди рус кораке пайдо намудам, онро ҳам партофта равам, моро кӣ мехӯронад? Таги бинии занамро гирифта шинам, магар нон худаш аз Марғелон ғелон шуда ба хонаи мо меояд?! Ба наздикӣ сафи фарзандонамон зиёд мешавад, ғайр аз ин дар пеш фасли зимистон, ҳамаи инро фикр кардан лозим аст. Омина, ман туро мефаҳмам, аллакай ба модарам занг зада ҳамаашро гуфтам, вале кампир дар ҷавоб чунон гапҳое зад, ки аз гапи гуфтаам пушаймон шудам. Медонӣ модарам чӣ гуфт? Заҳрханда карда гуфт, ки магар дар дунё як зани ту мезояд? Мо ҳам дар вақташ 7-8 бачаро зоидем, калон кардем, ягон бор ба шӯямон намегуфтем, ки хизматгор биёр, кори хона барои ман душворӣ мекунад. Гову мол доштем, ба кори саҳро мерафтем, ҳамаашро саришта мекардем-ку! Дар шаҳр чӣ кори вазнин ҳаст, ки ба шоҳбонуи ту хизматгор фиристем будааст?! Занакҷон, гапҳои модарамро шунида ман ба хулосае омадам, ки дар ин замона ба умеди касе шудан лозим нест. Дар ин замона ҳар кас медонаду дави аспаш. Барои ҳамин ба умеди ҷиянҳои ман нашав! Медонам, ки аз Русия баргардам, боз ҳамаашон мӯру малах барин ба хонаи мо фурӯ мерезанд ва нисфи пулҳои бо меҳнати зор ба даст овардаам сарфи меҳмондорӣ мешавад, вале чӣ кор кунам. Наметавонам ба хонаи ман набиёед гӯям. Рӯям намешавад, занакҷон. Як илоҷ карда ба ҳамааш тоқат кун! Насиб бошад, пеш аз саршавии хунукиҳо ба Ватан бармегардам ва бароят як дастёри беминнат-мошинаи ҷомашӯӣ мехарам!
Маслиҳати равоншинос:
Мо вазъияти ин зани ҳомилаву марди хонадонро, ки аз маҷбурӣ аз зану фарзандонаш дур шудааст, мефаҳмем. Дар ҳар оила, агар калонсолон, яъне хусуру хушдоман оқилу дурандеш бошанд, зиндагии он хонавода тинҷу осуда мегузарад. Одатан оилаҳои тоҷики мо серфарзанданд. Ҳоло вақти таътили тобистона аст, наход дар хонаи модари шумо ягон духтари қадрас набошад, ки омада дар корҳои хона ба ин зани танҳо кӯмак расонад?!