Акнун кӯдакони то 7-сола метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ бе пешниҳоди ҷойи алоҳидаи нишаст ройгон истифода баранд.
Қаблан чунин имтиёз дар Тоҷикистон танҳо барои кӯдакони то 5-сола пешбинӣ шуда буд.
Парлумон ва Президенти Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии ҷумҳуриро тасдиқ кардаанд. Бар асоси ин тағйироту иловаҳо мусофир метавонад, дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ ду кӯдаки аз 7 то 10-соларо бо пардохти 50%-и роҳкиро, бо пешниҳоди ҷойҳои алоҳидаи нишаст интиқол диҳад. Бояд гуфт, ки тағйироти мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз нофаҳмиҳо ҷиҳати напардохтани роҳкиро барои кӯдакон ворид шудааст.