1xbet
Аз ишқи муҳоҷирбача дилхунам
15.06.2025
Oila.tj
451

Салом! Ман як духтари аз оташи сӯзони ишқи муҳоҷир ҷигарсӯхта мехоҳам дарди диламро гуфта, аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам!

Қабл аз ҳама аз хонандагони азиз бахшиш мепурсам, ки номамро ифшо карда наметавонам, агар ному насабамро ошкоро нависам, аҳли оила ва хешу табор рӯзамро сиёҳ мекунанд.

Ман дар яке аз деҳаҳои зебоманзари Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ Алишер ном ҷавонеро дӯст медоштам. Мо ба мисли Лайлию Маҷнун лаҳзае тоби ҷудоӣ надоштем ва аҳду паймон баста будем, ки баъди хатми мактаб риштаи тақдирамонро бо ҳам пайваста, то нафаси охирин ҷудо намешавем, вале беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки:

Ҳарчи дилат хост, на он мешавад,

Ҳарчи Худо хост, ҳамон мешавад.

Ҳанӯз мактабро хатм накарда будем, ки падари Алишер ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиду хонаашон мотамсарой гашт.

Марги падар қомати дӯстдоштаамро шикаст, зеро Алишер писари калонии оилаашон буду баъди сари падараш тамоми вазнинии бори зиндагӣ бар дӯши вай афтид. Азбаски модараш як зани деҳотии бесавод ва хонашин буд, вай маҷбур шуд, ки орзуҳояшро фаромӯш карда, аз баҳри таҳсил дар мактаби олӣ гузарад ва баъди хатми мактаби миёна роҳи Русияро пеш гирад, то ки оилаи калонашонро таъмин намояд.

Пеш аз рафтан ваъда дод, ки 2-3 сол кор карда, пул ҷамъ мекунад ва омада бо тӯю тамошо маро ба занӣ мегирад. Мани сода ба суханони ҷавони дӯстдоштаам бовар карда, қасам хӯрдам, ки зарур бошад, як умр ӯро интизор мешавам, аммо...

Аввалҳо Алишер тез-тез ба ман занг мезад ва баъзан ҳатто як сум ним сум пул равон карда, таъкид менамуд, ки мабодо аҳдшиканӣ карда, то баргаштани ӯ ба каси дигар ба шавҳар набароям. “Агар фаҳмам, ки ба ишқамон хиёнат карда, ба каси дигар ба шавҳар баромадаӣ, аз Русия баргашта, ҳам туро мекушам, ҳам шавҳаратро. Ту ё аз ман мешави ё аз ҳеҷ кас!”- мегуфт Алишер.

Мани дилдода аз гапҳои дӯстдоштаам бовар карда, хостгории тамоми ҷавонони ба ман талабгоршударо рад мекардам. Ба ҳама маълум аст, ки дар деҳот духтаронро барвақт ба шавҳар медиҳанд, дар байни як-ду сол дугонаю ҳамсинфони ман низ пай дар пай ба шавҳар баромада, аз пайи обод кардани зиндагии худашон шуданд ва танҳо ман ба мисли зоғи ало ман мондам. Падару модарам аз нигоҳҳои саволомези хешу табор ва ҳамсояҳо ба танг омада, хостанд маро зӯран ба шавҳар диҳанд. Дидам, ки дигар бо не гуфтан намешавад, иқрор шудам, ки ба Алишер дил додаам ва агар маро зӯран ба каси дигар диҳанд, худамро мекушам. Волидонам, ки якравии маро медонистанд, дигар барои бо касе издивоҷ кардан маҷбурам накарданд, вале таъкид карданд, ки ба дӯстдоштаам расонам, ки корро тезонад, то ки дар деҳа гапу калочаи зиёдатӣ пайдо нашавад.

Ман ба Алишер занг зада буду шуди гапро гуфтам. Дӯстдоштаам ваъда дод, ки се-чор моҳ пас баргашта, маро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирад, аммо аз байн боз се соли дигар гузашту то ҳол аз вай дараке нест. Ҳар сол ягон корро баҳона карда, тӯйро ба соли дигар мегузорад, вале баъзе ҳамдеҳагонамон мегӯянд, ки Алишер дар Россия аллакай зани рус ва як писар дорад.

Ишқи мо кайҳо дар деҳа овоза шудааст ва мани дилдода акнун сарҳисоби корамро тамоман гум кардам. Намедонам ба қавлу қасами ҷавони дӯстдоштаам бовар кунам ё ба гапи мардум. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Ба қавлу қасами ошиқи муҳоҷирам бовар карда, умрамро дар интизории Алишер гузаронам ё ишқи авваламро ба мисли як ғӯрраи сармозада фаромӯш карда, аз пайи зиндагии худ шавам?

Бо эҳтиром, М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД