Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июл нахустин ҳавопаймо дар масири Қошғар - Хуҷанд - Қошғар парвоз хоҳад кард.
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хабар додааст, ки хатсайри нав сешанбеи ҳар ҳафта миёни фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Қоши-Лайнин, ки дар ноҳияи худмухтори Қошғар, музофоти Синзен-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин ҷойгир аст, иҷро мешавад.
Ҳавопаймо соати 07:05 аз самти Қоши-Лайнин ба Хуҷанд фуруд омада, соати 09:05 дубора ба самти Қошғар парвоз мекунад. Парвозро дар ин масир ширкати ҳавопаймоии "Chandu - Airlines" ба иҷро мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар самти Хуҷанд - Қошғар хатсайри байналмилалии чартерӣ ифтитоҳ шуда буд. Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июл дар ин масир хатсайри байналмилалӣ мунтазам амал хоҳад кард.