Arzon march 2024
Аз дасти моиндари шавҳарам рӯз надорам
30.12.2022
Mahina
1066


Зани 31-сола ҳастам, вале бозии тақдир маро бармаҳал пир кардааст. Мани сода ҷавонеро, ки аз мо як деҳа поён зиндагӣ мекард, аз ҷонам бештар дӯст дошта, ду поямро ба як мӯза андохтам, ки ба ғайр аз ӯ дигар ба ягон кас намерасам. Падару модарам чандин хостгорҳоро рад карда, билохира маҷбур шуданд, ки маро ба ҳамон ошиқам диҳанд.

Хушдоманам аз рӯзҳои аввал ба ман рӯйи хуш надода, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки мани арӯсакро бо шавҳарам ҷанг андозад. Вай дастонашро дар миёнаш гузошта, келин ин корро кун, он корро кун гӯён, фармонфармоӣ мекунад. Кӯшиш мекунам, ки тамоми корҳои фармудаашро сари вақт иҷро кунам, вале ҳеҷ дили сангини хушдоманамро ёфта наметавонам.

Дар ҳар як кори ман албатта ягон камбудӣ ёфта, маро паст зада, таънаю маломат мекунад. Баъдтар фаҳмидам, ки хушдомани аслии ман, яъне модари шавҳарам кайҳо аз олам гузашта, ин зан моиндараш мешудааст, вале новобаста ба ин ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорам.

Ҳар қадаре, ки ман меҳрубонӣ кунам, хушдоманам ҳамон қадар бештар бераҳм мегардад ва бо ҳар баҳона маро бо шавҳарам ҷанг андохта, зери мушту лагад мемонад. Намехоҳам бо балвои моиндари шавҳарам хонавайрон шавам. Аламовараш ин аст, ки шавҳари номарди ман ба гапҳои дурӯғи моиндари ҳаромаш дода шуда, аз баҳри ману ду фарзандаш баромадан мехоҳад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, ҷабру ҷафои моиндари шавҳарамро тоқат кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД