Arzon march 2024
Аз дасти хусуру золим худкушӣ кунам?!
12.07.2022
НОДИРА
2149

Аз дасти хусуру золим худкушӣ кунам?!

Ман духтари шаҳрӣ будам, вале ҷавони деҳотиро дӯст дошта, арӯс шуда, ба як ноҳияи дурдаст омадам.Аз рӯзи аввал падари шавҳарам ба издивоҷи мо розӣ набуд. 14 сол боз зиндаги мекунем, аммо то ҳол ман ба падаршӯям писанд нестам. Шавҳарам инсони хуб аст, вале падараш чунон бадзабон аст, ки ногуфтанӣ. Рӯзе нест, ки хусурам бо суханони нешдораш маро нагирёнад ё кӯдакамро наозорад. Ҳолатҳое мешавад, ки маро дар назди фарзандонам таҳқир мекунад. Тамоми корҳои занонаву мардонаро иҷро мекунам, хизмати хусуру хушдоманамро аз таҳти дил мекунам, вале бо вуҷуди ин, маро озор медиҳанд.Аз чунин азобу фишори руҳӣ касал шудам. Дасту пойҳоям аз асабонияти зиёд меларзанд. Сахт хаставу аз ҷони ширинам сер шудаам, дигар чизе ба назарам наменамояд. Баъзан дар ҳолати асабонияти шадид мехоҳам даст ба худкушӣ занам, вале боз фикри он дунёямро карда, астағфуриллоҳ мегӯям. Вақте дар назди шавҳарам дарди дил мекунам, маро ба сабру тоқат даъват мекунад. Ҳарчанд кӯшиш мекунам ба гапҳои нешдори хусурам диққат надиҳам, вале рӯзе нест, ки бо ҳар баҳона оби дидаамро нарезонад. Боре падарарӯсам дар моҳи рамазон диламро сахт ранҷонид, аз алам дар сари ҷойнамоз хуб гиря кардам. Субҳи ҳамон рӯз ба рӯи хусурам девор чаппа шуда, ҷароҳати сахт бардошту як моҳ дар бистари беморӣ хоб буд. Баъди ба по хестанаш боз ҳамон суханони нешдораш сар шуд. Дилам ба фарзандонам месӯзад, кӯдакони бечора бо шунидани садои бобояшон ба ларза меоянд. Апаву хоҳарони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Ш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД